Номи раҳбари ҷадиди Толибони Покистон эълом шуд

  • 7 Ноябр, 2013
Мулло Фазлуллоҳ

Толибони Покистон раҳбари ҷадиди худро муъаррифӣ кардааст.

Мулло Фазлуллоҳ раҳбари ҷадиди ин гурӯҳ аст, ки номи ӯ чанд рӯз пас аз он эълом мешавад, ки гузориш шуд Ҳакимуллоҳ Меҳсуд, раҳбари собиқи Толибони покистонӣ дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Омрико кушта шудааст.

Ҳакимуллоҳ Меҳсуд рӯзи ҷумъаи 1 ноябр дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин (паҳбод/друн) ба минтақаи қабилаии Вазиристони Шимолии Покистон кушта шуд.

Ба дунболи кушта шудани оқои Меҳсуд ибтидо гузоришҳо мунташир шуд мабнӣ бар ин ки Хон Саййид, раҳбари Толибон ба унвони ҷонишини ӯ муъаррифӣ шудааст.

Аммо манобеъи Толибон ин гузоришҳоро такзиб карданд ва гуфтанд, ки то замони муъаррифии раҳбари ҷадид, Исматуллоҳ Шоҳин Битёнӣ ба унвони раҳбари муваққати гурӯҳ таъин шудааст.

Бархе аз нозирон ихтилофоти даруниро далели интишори гузоришҳое мутафовит дар ин маврид донистаанд.

Ба гуфтаи ин нозирон интихоби раҳбари муваққат ва такзиби гузоришҳои пешин мабнӣ бар раҳбарии "Хон Саййид Саҷно", аз фармондеҳони ба истилоҳ миёнарави Толибон ба ҷонишинии оқои Меҳсуд , метавонад нишонгари ихтилофоти дарунии ин гурӯҳ ва дидгоҳҳои мухталиф дар хусуси музокироти сулҳ бошад.

Пас аз эъломи гузоришҳо мабнӣ бар интихоби Хон Саййид теъдоде аз раҳбарони вобаста ба Толибон, ки бо ин интихоб мухолиф буданд дар Нуристони Афғонистон ташкили ҷаласа доданд. Бештари аъзои ин шӯро раҳбарони ситезаҷӯёни навоҳии шимолии минтақаи қабиланишини Покистон ва ситезаҷӯёни дараи Свот ҳастанд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон интихоби мулло Фазлуллоҳ метавонад натиҷаи ин ихтилофот бошад.

Дар айни ҳол ҳамин нозирон мегӯянд, ки интихоби Мулло Фазлуллоҳ, ки ба далели истифода аз мавҷи Эфэм барои пахши суханонаш дар дараи Свот ба "Муллородию" ва ё "Мулло Эфэм" машҳур аст, метавонад нишонгари интиқоли қудрат ба ҷиноҳи тундравтар дар шабакаи Толибон бошад.

Гуфта мешавад, ки Мулло Фазлуллоҳ пас аз амалиёти артиши Покистон дар дараи Свот дар манотиқи шарқии Афғонистон дар Кунар ва Нуристон махфӣ шудааст .

Матолиби муртабит