"Артиши Покистон таслими терруристҳо нахоҳад шуд"

Артиши Покистон мегӯяд, ки ба терруристҳо иҷоза нахоҳад дод то аз ҳимояти ин нерӯ аз раванди сиёсӣ дар кишвар суиистифода шавад.
Женерол Ашфақ Парвиз Каёнӣ, фармондеҳи артиши Покистон дар баёнияе афзудааст, ки агарчи артиш муътақид аст, ки барои дастёбӣ ба сулҳ бояд ба роҳи ҳалҳои сиёсӣ фурсат дода шавад, аммо таъкид кардааст, ки "аз ин ҳимояти артиш набояд бардошти иштибоҳ шавад, мабнӣ бар ин ки артиш ба терруристҳо иҷоза хоҳад дод то онҳо моро маҷбур ба қабули шароиташон кунанд."
Изҳороти фармондеҳи артиши Покистон як рӯз пас аз он эълом шуд, ки Толибони Покистон зимни истиқбол аз мавзеъи давлати ин кишвар барои дар авлавият қарори додани музокира бо Толибон, ду пешшартро барои ҳаракат ба суи анҷоми гуфтугӯи байни ду тараф ироа кард.
Рӯзи якшанбе, 15 сентябр Шоҳидуллоҳ Шоҳид, сухангӯи Толибон эълом кард, ки хуруҷи нерӯҳои низомӣ аз манотиқи қабилаӣ ва озодии зиндониёни Толибон пешшарти Толибон барои шуруъи музокирот аст.
Сухангӯи Толибон ин шурутро барои эҷоди ҷавви эътимод байни ду тараф унвон карда, агарчи тавзеҳ надод, ки иқдоми онҳо дар сурати бароварда шудани эҳтимолии ин шурут чӣ хоҳад буд.
Изҳороти Толибон вокунише буд ба ҷаласаи аҳзоби аслии Покистон, ки ҳафтаи гузашта дар Исломобод, пойтахт баргузор шуд ва иҷмоъи ширкаткунандагон дар он бар авлавияти доштани музокира бо ситезаҷӯён буд.
Ин таҳаввулот дар ҳоле сурат гирифтааст, ки дар чанд ҳамлаи ҷудогона 6 нерӯи низомии Покистон, ки як афсари аршад дар байни онҳо будааст, дар дастикам ду рӯзи гузашта аз суи ситезаҷӯёни Толибон кушта шудаанд.
Дар баёнияи артиши Покистон ин афрод "шаҳид" хонда шуда ва фармондеҳи артиш таъкид кардааст, ки омилони ин "иқдомоти буздилона"-ро ба сазои аъмолашон хоҳад расонд.
Ба дунболи эъломи пешшарти Толибон барои музокирот бархе аз соҳибназарон дар хусуси ҳимояти комили артиш аз музокирот бо Толибон, дар сурате ки ин музокирот мавозеъи амниятиро тазъиф кунад, ибрози тардид карданд.
