Ҳамла ба корвони нафткашҳои НОТУ дар Покистон

  • 14 Сентябр, 2013

Мақомоти покистонӣ аз кушта шудани дастикам як нафар дар ҷараёни ҳамлаи пайкорҷӯён ба як корвони тонкарҳои нафти нерӯҳои НОТУ дар ҷануби ғарби он кишвар хабар додаанд.

Ба гуфтаи онҳо пайкорҷӯён бо партоби рокет ва тирандозӣ ба корвоне муташаккил аз 15 тонкар ҳамла карданд.

Ин ҳамла дар ҳоле сурат гирифта, ки ин тонкарҳо аз тариқи Иёлати Балуҷистони Покистон ба сӯйи Афғонистон дар ҳаракат буданд.

Дар ҷараёни ин ҳодиса ҳашт тонкари нафт комилан нобуд шуд.

Токунун ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда нагирифтааст. Аммо бо таваҷҷӯҳ ба собиқаи чунин ҳамалоте занни он меравад, ки Толибон даст ба ин кор зада бошанд.