Инфиҷор дар Карочӣ даҳҳо кушта ва захмӣ бар ҷой гузошт

  • 7 Август, 2013
Image caption Бисёре аз кушташудагон ва захмҳои инфиҷор дар Карочиро афроди байни 6 то 15 сол ташкил медиҳанд

Инфиҷори бумб дар наздикии як замини футбол дар шаҳри Карочии Покистон ёздаҳ кушта бар ҷой гузоштааст.

Ин инфиҷор ҳамчунин мунҷар ба захмӣ шудани ҳадди ақал 24 нафар шуд.

Ин бумб, ки дар мутуре ҷосозӣ шуда буд, рӯзи чаҳоршанбеи 7 август дар ҳинни барпоии мусобиқоти футбол дар минтақаи Лиёрӣ дар Карочӣ мунфаҷир шуд

Бисёре аз кушташудагон ва захмиҳоро кӯдакону навҷавонони байни 6 то 15 сол ташкил медиҳад.

Пулис мегӯяд ин бумбгузорӣ мутаваҷҷеҳи вазири иёлате буд, ки барои тамошои мусобиқа омада буд, аммо осебе ба ӯ ворид нашудааст.

Ҳанӯз гурӯҳе масъулияти ин ҳамларj ба уҳда нагирифтааст.

Хабарнигори Би-би-сӣ дар Исломобод мегӯяд чанде пеш ҳам ин вазири иёлатӣ ҳадафи суиқасд қарор гирифт, аммо ӯ зинда монд ва иддаи дигаре кушта шуданд.

Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки замини футбол пур аз афроде буд, ки барои тамошои бозӣ омада буданд.

Амиралӣ, бозикуне, ки дар ин бозӣ ҳузур дошт ва захмӣ шуда? ба хабаргузории Руйтерз гуфтааст, ки пас аз ин, ки бозӣ тамом шуд, ин инфиҷор рӯй дод.

Ӯ гуфтааст, ки бо вуқӯъи инфиҷор ҳама ваҳшатзада шурӯъ ба фирор карданд.

Теъдоде аз афроде, ки кушта шуданд, аз футболистҳое буданд, ки дар бозӣ ҳузур доштанд ва дар ҳангоми марг ҳанӯз либоси футбол бар тан доштанд.

Хушунатҳо дар шаҳри Карочии Покистон, бузургтарин шаҳри ин кишвар, афзоиш ёфтааст ва ин шаҳр ахиран борҳо шоҳиди хушунатҳои қавмӣ, мазҳабӣ ва сиёсӣ будааст.

Матолиби муртабит