Афроди мусаллаҳ 'сенздаҳ мусофирро ' дар Балучистони Покистон куштанд
Мақомҳои маҳаллии иёлати Балучистони Покистон мегӯянд, ки афроди мусаллаҳ дар ин иёлат чандин утубуси дар ҳоли ҳаракатро мутаваққиф карда ва сенздаҳ нафар аз мусофирони онҳоро куштаанд.
Осифалии Зардорӣ, раиси ҷумҳурии Покистон, ин ҳамларо башиддат маҳкум карда ва ба мақомҳои маҳаллӣ дастур додааст дар ин бора даст ба иқдом бизананд.
Ин утубусҳо замоне ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд, ки аз иёлати Балучистон дар ҷануби ғарби Покистон ба симати иёлати Панҷоб дар шарқи ин кишвар ҳаракат мекарданд.
Аҷсоди қурбониёни ин ҳамла, ки ба зарби гулӯла кушта шуданд, дар ҳафтодкилуметрии шаҳри Куетта, маркази иёлати Балучистон пайдо шудааст.
Сухангӯйи гурӯҳи мавсум ба "Артиши озодибахши балуч" дар мусоҳиба бо хабаргузории Фаронса гуфтааст, ки ин гурӯҳ масъулияти ин кушторро мепазирад.
Ӯ гуфтааст, ки сенздаҳ нафаре ки кушта шуданд, дар истихдоми артиш ё соири нерӯҳои амниятӣ буданд.
Куетта, маркази иёлати Балучистон, тайи моҳҳои ахир шоҳиди афзоиши физояндаи хушунати пайкорҷӯён ва ҷудоиталабон будааст.
