Кобинаи Покистон кушта шудани Ҳакимуллоҳ Меҳсудро баррасӣ мекунад

  • 3 Ноябр, 2013
Ҳакимуллоҳ Меҳсуд
Image caption Ҳамлаи ҳавопаймои бидуни сарнишин ба марги Ҳакимуллоҳ Меҳсуд мунҷар шуд

Қарор аст имрӯз кобинаи Покистон нишасте изтирорӣ барои баррасии наҳваи посухгуӣ ба ҳамлаи ҳавопаймои бидуни сарнишине, ки ба куштаи шудани Ҳакимуллоҳ Меҳсуд, раҳбари Толибони Покистон мунҷар шуд, баргузор кунад.

Дар ҳоле ки Покистон Омрикоро ба нақзи тамомияти арзии ин кишвари муттаҳам карда ва сафири Омрикоро дар эътироз ба ин ҳамла ба вазорати хориҷа фаро хондааст. Вазорати хориҷаи Омрико аз ҳар гунаи изҳоре назаре дар бораи ин ҳамла худдорӣ кардааст.

Рӯзи ҷумъа (аввали ноябр) худрави Ҳакимуллоҳ Меҳсуд, ҳадафи ҳамлаи ҳавопаймои бидуни сарнишин қарор гирифт, ки дар ҷараёни ин ҳамла ӯ ба ҳамроҳи теъдоде дигар аз аъзои ин гурӯҳ кушта шуданд.

Гузоришҳо ҳамчунин ҳокӣ аст, ки интизор меравад имрӯз ҳам баҳс ва музокираи Шурои машваратии Толибони Покистон барои интихоби ҷонишине барои Ҳакимуллоҳ Меҳсуд идома ёбад.

Бархе гузоришҳо аз интихоби Хон Саййид Санҷо ба унвони раҳбари ҷадиди ин гурӯҳ дар рӯзи гузашта ҳикоят дошт, аммо Толибони Покистон ин гузоришҳоро такзиб кардааст.

Бар асоси барномарезиҳои қаблӣ қарор буд рӯзи гузашта ҳайате покистонӣ барои анҷоми музокироти эҳтимолии сулҳ бо Ҳакимуллоҳ Меҳсуд дидор ва гуфтугӯ кунад.

Яке аз мақомоти вазорати хориҷаи Омрико гуфтааст музокира бо Толибон "мавзуъе дохилӣ" барои Покистон аст.

Навоз Шариф, нахуствазири Покистон ваъда дода буд, ки барои хотимаи хушунатҳо дар кишвар, ки ба куштаи шудани ҳазорон нафар мунҷар шуд, бо Толибони Покистон музокира кунад.

Интихоби "раҳбари муваққат"

Бархе аз гузоришҳо ҳокӣ аз он аст ки Толибони Покистон Исматуллоҳ Шоҳинро ба унвони раҳбари муваққати ин гурӯҳ интихоб кардааст.

Дар ҳамин робита Шаҳидуллоҳ Шаҳид, сухангӯи Толибон гуфтааст, ки Исматуллоҳ Шоҳин, раҳбари шурои машваратии ин гурӯҳ муваққатан ҷонишини Ҳакимуллоҳ Меҳсуд шудааст.

Сухангӯи Толибон ҳамчунин афзуда дар ҳоле ки мо дар интизори мулоқот бо мақомоти давлат будем, артиш ва давлати Покистон бо омрикоиҳо дар ҳоли ниҳоӣ кардани тавофуқоте барои "фурӯхтани" мо буданд.

Ӯ ҳамчунин гуфт: "Замон нишон медиҳад, ки оё мо интиқоми хуни шаҳидонро хоҳем гирифт ё хайр."

Матолиби муртабит