Омрико: Кушта шудани Меҳсуд зарбае бузург ба Толибони Покистон аст

Покистон ба ҳамлаи рӯзи ҷумъаи (1 ноябр-10 обонмоҳ) паҳподҳо ё ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини омрикоӣ, ки гуфта мешавад Ҳакимуллоҳи Меҳсуд, раҳбари Толибони Покистон, дар он кушта шуда, вокуниши хашмомезе нишон додааст.
Чудрӣ Нисор Алӣ Хон, вазири кишвари Покистон, гуфтааст марги Ҳакимуллоҳи Меҳсуд талошҳои давлат барои гуфтугӯҳои сулҳ бо пайкорҷӯёни Толибонро аз байн бурдааст.
Вазири кишвари Покистон гуфт қарор буд ҳайъате аз ҷониби давлат ба Вазиристони Шимолӣ биравад ва бо раҳбари Толибон дидор кунад.
Дигар раҳбарони сиёсии Покистон хоҳони баста шудани роҳи тадорукотии НОТУ ба Афғонистон ба талофии ҳамлаи Омрико шудаанд.
Дар саросари Покистон нерӯҳои амниятӣ ба ҳоли омодабош даромадаанд. Дар мавориди қаблӣ Толибон бо ҳамалоти талофиҷӯёна ба кушта шудани раҳбаронашон вокуниш нишон додаанд.
Як мақоми иттилоъотии Покистон гуфтааст ташйиъи ҷанозаи Меҳсуд рӯзи шанбеи 2 ноябр (11 обонмоҳ) баргузор мешавад.
Интихоби Хон Сайид
Дар ҳамин ҳол, шӯрои машваратии Толибони Покистон Хон Сайидро ба унвони ҷонишини Ҳакимуллоҳи Меҳсуд, раҳбари кушташудаи ин гурӯҳ интихоб кардааст.
Ҳакимуллоҳи Меҳсуд рӯзи гузашта дар ҷараёни ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини омрикоӣ кушта шуд.
Бар асоси гузоришҳои дарёфтшуда, Хон Сайид, ки ба Саҷно ҳам маъруф аст, аз фармондеҳони Толибони Покистон ба шумор меравад.
Аз Хон Сайид ба унвони омили аслии ҳамла ба зиндоне дар шимол-ғарби Покистон дар соли 2012, ки ба озод шудани 400 зиндонӣ мунҷар шуд ва ҳамчунин ҳамла ба яке аз пойгоҳҳои ҳавоии Покистон дар ҳамон сол ёд мешавад.
Вокуниши Омрико
Кохи Сафед гуфтааст, ки агар хабари кушта шудани Ҳакимуллоҳи Меҳсуд, раҳбари Толибони Покистон, дуруст бошад, зарбаи ҷиддӣ ба ин гурӯҳи пайкорҷӯ ворид шудааст.
Ин хабар чанд соъат пас аз интишори гузоришҳо дар бораи кушта шудани Ҳакимуллоҳи Меҳсуд дар ҳамлаи паҳподҳои (ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини) омрикоӣ дар мантақаи Вазиристони Покистон мунташир шуд.
Давлати Борок Убомо, раисҷумҳури Омрико, то кунун аз таъйид ё такзиби расмии ин гузоришҳо худдорӣ кардааст. Аммо яке аз мақомҳои аршади Толибон рӯзи ҷумъа дар тамос бо Би-би-сӣ хабари кушта шудани Меҳсудро таъйид кард.
Ҳакимуллоҳи Меҳсуд нафари аввал дар феҳристи афроди таҳти таъқиби пулиси федероли Омрико, Эф-би-ой буд ва барои иттилоъоте, ки ба дастгирии ӯ кумак кунад, як ҷоизаи панҷмилюндулорӣ таъйин шуда буд.
Давлати Покистон ҳамалоти паҳподҳои омрикоиро нақзи тамомияти арзи худ медонад ва онҳоро маҳкум кардааст. Пеш аз ин, Навоз Шариф, нахуствазири Покистон, аз давлати Борок Убомо хоста буд ба ин ҳамалот поён бидиҳад.
Гуфта мешавад дар ҳамлаи тозаи паҳподҳои омрикоӣ чандин мушак шиллик шуда ва шаш нафар ҳам кушта шудаанд. Маҳалли ин ҳамла ҳудуди панҷкилуметрии шимоли шаҳри Мироншоҳ, муҳиммтарин шаҳри Вазиристони Покистон, буд.
Ҳакимуллоҳи Меҳсуд соли 2009 ҷонишини бародари мақтулаш Байтуллоҳи Меҳсуд шуда буд. Чанд моҳ пеш низ Валиюрраҳмон, нафари дувуми Толибони Покистон, дар ҳамлаи паҳподҳои омрикоӣ кушта шуд.
