Ҷаласаи бенатиҷаи сарони кунгре бо Убомо; давлати Омрико ниматаътил

  • 3 Октябр, 2013
Image caption Эътирози як корманди давлат дар муқобили кунгреи Омрико

Ҷаласае, ки дар Кохи Сафед барои берун омадани бунбасти таътилии давлати Омрико ташкил шуда буд, бидуни натиҷа ба поён расид.

Дар ин ҷаласа Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико ва муъовинаш Ҷу Бойден, мизбони Ҷон Бенер, раиси Маҷлиси намояндагон, Нонсӣ Пелусӣ, раҳбари ҳизби демукрот дар Маҷлиси намояндагон, Ҳерӣ Рид, раҳбари демукротҳо дар сено ва ҳамтои ҷумҳурихоҳаш Мич Макконел буданд.

Сарони давлат ва кунгре ҷамъ шуда буданд, то ба роҳи ҳалле барои таъмини будҷеи давлати Омрико бирасанд.

Ҷумҳурихоҳон, ки мухолифи тарҳи бимаи хадамоти дармонии оқои Убомо ҳастанд, мехоҳанд иҷрои ин тарҳ барои як сол ба таъвиқ биафтад, то дар изои он будҷеи давлатро тасвиб кунанд.

Демукротҳо аммо ба пуштибонии тарҳи раиси ҷумҳурии ҳозир ба пазириши ин муъомила нестанд.

Image caption Ҷон Бенер ҷаласаро тарк кард ва демукротҳоро муттаҳам кард, ки "музокира намекунанд."

Нонсӣ Пелусӣ ҳам дар муқобил ҷумҳурихоҳонро муттаҳам кард, ки дар баҳси марбут ба будҷе "ҷои дарвозаро иваз мекунанд."

Ҳерӣ Рид ҳам ҳарфи чанд рӯзи ахирашро такрор кард ва гуфт, ки демукротҳои кунгре ва раиси ҷумҳурӣ бар сари қонуни бимаи хадамоти умумӣ муъомила намекунанд.

Ҷон Бенер, раиси Маҷлиси намояндагон, ки аз ҳизби ҷумҳурихоҳ аст, демукротҳоро муттаҳам мекунад, ки "музокира намекунанд".

Баъзе аз нозирон муътақиданд, ки Ҷон Бенер тавоноии поён додан ба ин муноқишаро дорад.

Онҳо мегӯянд, ки ӯ метавонад ҷумҳурихоҳони миёнаравро бо демукротҳо ҳамдостон кунад, то битавонанд бо ҳам будҷееро б тасвиб бирасонанд, ки дар он бимаи хадамоти дармонӣ дастгирӣ нашавад.

Дар ин сурат тундравҳои ҳизби ҷумҳурихоҳ танҳо мемонанд ва ин мавзӯъ метавонад барои оқои Бенер ҳазина дошта бошад.

Тарҳи бимаи хадамоти дармонӣ ҳангоме аз аслитарин тарҳҳои оқои Убомо дар замони таблиғ дар даври аввал ва дувуми раёсати ҷумҳуриаш буд ва кӯтоҳ омадан аз он ҳам метавонад барои демукротҳо авоқиби баде дар интихоботи баъдӣ дошта бошад.

Ин тарҳи оқои Убомо баъд аз тасвиб дар ду маҷлиси қонунгузории Омрико лозимулиҷро шуд ва баъдан ба шикояти ҷумҳурихоҳон ба Девони Олии Омрико рафт ва дар онҷо ин қонун мутобиқ бо Қонуни асосии Омрико шинохта шуд.

Демукротҳо ҳамин мавзӯъро далели кофӣ медонанд барои ин ки ин қонун бояд иҷро шавад ва бар сари он "муъомила" намекунанд.

Матолиби муртабит