Рӯҳонӣ дастури баррасии парвози мустақими байни Эрон ва Омрикоро содир кард

Акбари Туркон, сарпарасти Шӯрои олиии умури эрониёни хориҷ аз кишвар, мегӯяд, ки Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурӣ, барои ҳалли мушкили рафту омади эрониёни муқими Омрико, дастури баррасии мавзӯъи барқарории хатти парвози мустақими байни Эрон ва Омрикоро содир кардааст.
Оқои Туркон рӯзи душанбеи 30 сентябр дар дидор бо мудирони дабирхонаи Шӯрои олии умури эрониёни хориҷ аз кишвар гуфт, ки раиси ҷумҳурӣ бар "афзоиши хадамотрасонӣ ба тамомии эрониён дар саросари кураи хокӣ" таъкид карда ва аз ин рӯ "лозим аст дабирхона дар асраъи вақт нисбат ба баррасии қавонин ва муқаррароти марбута ва ироаи лоиҳаи ислоҳӣ барои рафъи куллия мавонеъ ва маҳдудиятҳои пеширӯйи эрониён иқдом кунад."
Се моҳ пеш ва дар охирин рӯзҳои давлати Маҳмуди Аҳмадинажод, Алиакбар Солеҳӣ, вазири хориҷаи вақти Эрон, дар бораи барқарории парвози мустақими байни Эрону Омрико гуфта буд: "Аз эҷоди хутути парвози миёни Эрону Омрико истиқбол мекунем ва мушкиле бо ин мавзӯъ надорем."
Ӯ гуфта буд: "Ҷамъияти зиёде аз эрониён дар кишвари Омрико зиндагӣ мекунанд ва барқарории парвози мустақим байни Эрону Омрико метавонад ба афзоиши рифоҳи ҳоли онҳо кумак кунад."
Дар ҳамон замон гуфта шуд барои барқарории ин парвоз тафоҳумнома омода шуда, то ба имзои Эронэйр ва хатти ҳавоии Делто, ки мақарри он дар Отлонтои Омрикост, бирасад
Охирин парвози мустақими байни Эрон ва Омрико рӯзи 7 ноябри соли 1979 анҷом шуд, ки Буйнг 747 Эс-пии Ҳумо дар фурудгоҳи Кенедии Ню-Йурк фуруд омад.
Рӯзи баъд давлати Омрико масири парвози Ҳуморо дар ҳоле, ки барои фуруд омода мешуд ба фурудгоҳи Мунтреол тағйир дод ва эълом кард ба далели танишҳои эҷод шуда дар равобити ду кишвар ба далели ишғоли сафорати Омрико, ҳавопаймои эронӣ ҳаққи фуруд дар фурудгоҳҳои Омрикоро надоранд.
