Дидори вузарои хориҷаи Эрону Бритониё дар Ню Йурк

  • 24 Сентябр, 2013
Зарифӣ-Ҳюг
Image caption Вузарои хориҷаи Эрону Бритониё дар шаҳри Ню Йюрк дидор карданд

Вузарои умури хориҷаи Эрон ва Бритониё барои аввалин бор пас аз рӯйи кор омадани давлати ҷадиди Эрон бо ҳам дидор карданд.

Ин мулоқот баъд аз зӯҳри душанбе ба вақти Ню Йюрк (соъати 10-у 30 дақиқаи шаб ба вақти Теҳрон) байни Муҳаммад Ҷавод Зариф ва Уилиём Ҳейг дар ҳошияи нишасти Маҷмаъи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню Йурк анҷом шуд.

Оқои Ҳейг гуфт, онҳо дар бораи барномаи атумии Эрон, муноқишаи Сурия ва ишороти Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон ба талош барои беҳбуди равобит бо Ғарб сӯҳбат карданд.

Ӯ ба хабарнигорон гуфт: "Ҳамон тавр ки ба вазири хориҷа гуфтам, Бритониё хоҳони равобите муқобилаҷӯёна бо Эрон нест ва мо аз равобити беҳтар истиқбол мекунем."

Вазири хориҷаи Бритониё дар ин дидор аз баёнияҳои ахири давлати тозаи Эрон доир ба ин ки хоҳони беҳбуди равобит бо Ғарб ва коҳиши нигаронӣ нисбат ба барномаи атумиаш аст, истиқбол кард, аммо гуфт, ки калимот ба танҳоӣ кофӣ нахоҳад буд.

Ӯ пас аз ин дидор бо оқои Зариф ба хабарнигорон гуфт: "Вақти он аст, ки он баёнияҳо бо гомҳои малмус тавассути Эрон барои посух ба нигарониҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар мавриди ниёти Эрон ҳамроҳ шавад ва агар чунин гомҳое бардошта шавад, дар он сурат ба эътиқоди ман имкони эҷоди робитаи созандатар миёни мо вуҷуд хоҳад дошт."

Оқои Ҳейг ҳамчунин гуфт, ки агар Эрон дар ин масир гом бардорад "мо ҳам ҳозир хоҳем буд, аз бисёр ҷиҳатҳо гомҳои мутақобил бардорем."

Ӯ аз Эрон хост бо поён додан ба ҳимоят аз Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия ва ҳимоят аз як муъоҳидаи сулҳ дар Сурия, ки Созмони Милал талош дорад, миёнҷигарӣ кунад, "нашқи созанда" дар бӯҳрони Сурия бозӣ кунад. Ӯ ҳамчунин беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар дар Эрон шуд.

Мулоқоти ду вазири хориҷа дар ҳоле анҷом шуд, ки ба дунболи ҳамлаи гурӯҳе аз донишҷӯёни басиҷӣ ба амокини диплумотики Бритониё дар Теҳрон давлати Дэвид Комерун бо фарохонии тамомии кормандони сафорати худ аз Эрон диплумотҳои эрониро ҳам аз Бритониё ихроҷ кард, ки ба коҳиши равобити ду кишвар дар поёнтарин сатҳи мумкин пеш аз қатъи комил анҷомид.

Оқои Ҳюг гуфт, дар ин дидор ба оқои Зариф гуфтааст, ҳодисаи юриш ба сафорати Бритониё хисороти зиёде ба равобити ду тараф ворид кард, аммо афзуд, ки ӯ ва оқои Зариф аз мақомҳои зери назари худ хостаанд, ки барои беҳбуди равобит бештар кор кнунад.

Бо ин ҳол ӯ гуфт, ки сафорати Бритониё фақат дар сурате муҷаддан боз хоҳад шуд, ки битавонад "бидуни озору бидуни мушкилоте, ки дар гузашта дар масири он қарор дода шуда буд" кор кунад.

Дар авоили давраи раёсати Муҳаммади Хотамӣ, раиси ҷумҳурии қаблии Эрон, дидори Камол Харрозӣ ва Робин Кук, вузарои хориҷаи вақти Эрон ва Бритониё ба афзоиши равобит аз сатҳи кордор ба сафир мунҷар шуда буд.

Матолиби муртабит