Омрико бозаргони сиеролиуниро ба иттиҳоми далолии маводи атумӣ барои Эрон дастгир кард

Омрико аз боздошти як шаҳрвандони сиеролиунӣ ба далели талош барои фурӯши маводди атумӣ ба Эрон хабар додааст.
Мақомоти қазоии федероли Омрико эълом кардаанд, ки Потрик Кемпбел, аҳли кишвари офриқоии Сиеролеун, ҳангоми вуруд ба Иёлоти Муттаҳида, дар фурудгоҳ Кенедӣ боздошт ва ба иқдом ба нияти фурӯши маводди атумӣ ба давлати Эрон муттаҳам шудааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳангоми дастгирии оқои Кемпбел, аз ӯ миқдоре моддаи кейки зард ба даст омад, ки дар кафи кафшҳояш ҷосозӣ карда буд ва зоҳиран дар назар дошт онро ба унвони намунаи маҳмулаи аслӣ дар ихтиёри харидорон қарор диҳад.
Кейки зард моддаи воситаи тавлиди урониюм аст, ки дар фароянди ғанисозӣ ба урониюми бо дараҷаи хулуси мухталиф табдил мешавад ва бар асоси мизони хулус ба унвони сӯхт дар нерӯгоҳи ҳастаӣ ё дар тавлиди таслиҳоти атумӣ ба кор меравад.
Додситонии парванда дар мавриди собиқаи ин моҷаро гуфтааст, ки оқои Кемпбел дар посух ба як огаҳӣ, ки дар моҳи майи соли гузашта дар як вебсойти интернетӣ дарҷ шуда буд, дар садади фурӯши моддаи кейки зард ба огаҳидҳанда баромад. Ин огаҳии ҷаълиро ниҳодҳои амниятии Иёлоти Муттаҳида ба манзури шиносоии манобеъи эҳтимолии таъмини ниёзи Эрон ба маводди ҳастаӣ мунташир карда буданд.
Шаҳрванди сиеролиунӣ дар додгоҳ гуфт, ки аз тариқи телефун бо як ширкати фаъъол дар заминаи истихроҷ ва содироти урониюм, тило ва алмос иртибот дошта ва қарор будааст тарафи харидор, ки худро намояндаи давлати Эрон муъаррифӣ карда буд, бо мулоҳизаи намунаи коло, дар мавриди хариди як ҳазор тун кейки зард иқдом кунад.
Қарор бар ин будааст, ки моддаи кейки зард дар миёни мақодире аз анвоъи дигари маводди хоми маъданӣ ба Бандари Аббос ҳамл ва ба харидори эронӣ таҳвил шавад.
Мақомоти пулиси Омрико гуфтаанд, ки пас аз он ки Потрик Кемпбел дар фурудгоҳ дастгир шуд, бо маъмурон ҳамкории лозимро ба амал овард ва аз ҷумла эътироф кард, ки намунаи кейки зардро дар ду маҳфазаи махфӣ дар кафи кафшҳояш ҷосозӣ кардааст. Оқои Кемпбел фойли пешнависи қарордоди фурӯшро ҳам, ки зоҳиран қарор буд дар Омрико байни ӯ ва намоянда харидор имзо ва мубодила шавад, дар ихтиёри пулис қарор дод.
Боздошт ва муҳокимаи ин шаҳрванди Сиеролеун бар асоси қонуни таҳрими ҳастаии Эрон ва ҳамчунин "қонуни ихтиёроти изтирории равобити иқтисоди хориҷӣ" марбут ба маҳдудияти тиҷорат бо Ҷумҳурии Илсломӣ дар пайи моҷарои гаравгонгирӣ дар сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Теҳрон дар соли 1979 сурат гирифтааст.
Муҷозоте, ки барои лағви ин қавонин пешбинӣ шуда, то бист сол ҳабс ва ҷаримаи нақдӣ то як милюн дулор аст, аммо интизор меравад ҳамкории муттаҳами ин парванда бо маъмурон боъиси тахфиф дар муҷозоти ӯ шавад.
