Рӯҳонӣ: Агар ҳусни ният бубинем, бо Омрико музокира мекунем

Ҳасани Рӯҳонӣ дар мавриди парвандаи ҳастаии Эрон гуфт: "Ба унвони раиси ҷумҳури Эрон эълом мекунам, ки низоми Ҷумҳурии Исломӣ иродаи сиёсии ҷиддӣ барои ҳалли ин масъала бо ҳифзи ҳуқуқи мардуми Эронро дорад ва ҳамзамон рафъи нигарониҳои тарафи муқобилро ҳам мадди назар қарор хоҳад дод."
Ӯ гуфт, ки агар тарафҳои муқобили Эрон ҳам иродаи сиёсиро дошта бошанд, натиҷаи матлуб "дар замоне начандон тӯлонӣ" ҳосил хоҳад шуд.
Оқои Рӯҳонӣ рӯзи сешанбеи 6 август дар нахустин кунфронси матбуъотии худ ба унвони раиси ҷумҳури Эрон бо интиқод аз рафтор ва гуфтори дугонаи мақомоти омрикоӣ гуфт, ки агар давлати ҷадиди Эрон дар рафтори давлати Омрико ҳусни ният бубинад ва эҳсос кунад, ки музокираи мустақим метавонад манофеъи миллии Эронро таъмин кунад, омодаи музокираи мустақим хоҳад буд.
Оқои Рӯҳонӣ гуфт: "Ҳуқуқи ҳастаии Эрон бар асоси муқаррароти байналмилалӣ мавриди таъкиди давлат хоҳад буд ва аз ҳаққи мардум кӯтоҳ нахоҳем омад, аммо аҳли таъомул ва гуфтугӯ ҳастем. Омодагӣ дорем бо ҷиддият ва бидуни талаф кардани вақт бо тарафҳои дигар вориди музокироти ҷиддӣ ва муҳтавоӣ шавем. Агар тарафи муқобил ҳам омодагӣ дошта бошад, мутмаин ҳастам нигарониҳои ду тараф аз тариқи гуфтугӯ дар замоне начандон баланд рафъ хоҳад шуд."
Ӯ таъкид кард, ки "сарлавҳаи кор бояд гуфтугӯ бошад, на таҳдид, ин калиди масъала аст."
Оқои Рӯҳонӣ дар мавриди таҳримҳои байналмилалӣ ва якҷониба алайҳи Эрон гуфт: "Ҳадафи таҳримҳо амалан эҷоди фишор бар ақшори мардум аст. Ин ки гуфта мешавад бо ин таҳримҳо ҷилави фаъъолиятҳои мушакӣ ва ҳастаиро мегиранд, комилан хилофи воқеъ аст. Ҳадаф фишор бар зиндагии мардум аст. Албатта мардум собит кардаанд, ки дар муқобили фишори хориҷӣ истодагӣ хоҳанд кард."
Ӯ гуфт, ки давлаташ талош хоҳад кард, ки бо музокираи ҷиддӣ ва иттихози "сиёсатҳои машғул" бо таҳримҳо муқобила кунад, аммо барои тармими вазъияти иқтисодии кишвар мунтазири ҷавоби тарафи муқобил нахоҳад монд ва бари он чи "иқтисоди муқовиматӣ" хонда мешавад, барнома дорад.
Оқои Рӯҳонӣ дар посух ба суоле дар мавриди мусаввабаи ҷадиди кунграи Омрико барои ташдиди таҳримҳои Эрон, гуфт: "Намехоҳам бигӯям, ки байни кунгра ва давлати Омрико тақсими кори пинҳонӣ сурат гирифтааст. Он чи барои мо муҳим аст, сиёсати амалии Омрико хоҳад буд."
Раиси ҷумҳури ҷадиди Эрон гуфт, ки давлати ӯ иқдомоти давлати Омрикоро ба диққат расад хоҳад кард ва "ба иқдомоти амале созанда ва маънидори онҳо қатъан посухи мушобеҳ ва мутаносиб дода хоҳад шуд."
Ӯ афзуд: "Раъйи мардуми Эрон дар интихоботи ахир раъе маънодор буд, ки ҳанӯз посухи амалӣ ва муносиб аз ҷониби Омрико ба он дода нашудааст. Баёнияи ахири Кохи Сафед нишон медиҳад, ки ҳанӯз масъулони омрикоӣ дарки дурусте аз миллати Эрон надоранд. Рафторҳо мутаноқиз ва паёмҳо ҳам дар гуфтору дар амал ноҳамсӯ будааст."
Ӯ гурӯҳи фишори тарафдори Исроилро муттаҳам кард, ки иродаи худро бар намояндагони кунграи Омрико таҳмил кардаанд.
Вокунишҳои Омрико ва Русия
Ҷен Сокӣ, сухангӯйи вазорати умури хориҷаи Омрико, дар посух ба суоле дар бораи вокуниши Омрико ба мавзеъгириҳои Ҳасани Рӯҳонӣ гуфт: Мавзеъи мо ҳамеша ин будааст. Мушаххас аст, ки мо бо кишварҳои Гурӯҳи 5+1 ҳамкорӣ мекунем. Ҳамчунин гуфтаем бо алоқа масъалаи музокироти мустақим бо Эронро дар назар мегирем. Вале тӯп ар замини онҳост ва ҳанӯз эҳсос мекунем, ки онҳо бояд қадамҳое дар ин бора бардоранд, то ба таъаҳҳуди байналмилалии худ амал кунанд ва ин ҳанӯз муҳаққақ нашудааст.
Сино Алинажод, хавбарнигори Би-би-сии форсӣ, баъд аз зуҳри рӯзи сешанбеи 6 август дар нишасти хабарии ин сухангӯйи вазорати хориҷаи Омрико аз ӯ пурсид, ки бо таваҷҷуҳ ба суханони ахири Ҳасани Рӯҳонӣ, оё Омрико омода аст, ки ба Эрон пешниҳод диҳад дастикам феълан таҳримҳоро афзоиш надиҳад?
Хонуми Сокӣ дар посух гуфт: Ҳасани Рӯҳонӣ тоза савганди раёсати ҷумҳурӣ хӯрдааст. Агар давлати ҷадид тасмим бигирад ба таври асосӣ ва бо ҷиддият ба таъаҳҳудоти байналмилалиаш амал кунад ва роҳи ҳалли сулҳомезе барои ин масъала пайдо кунанд, хоҳанд дид, ки Омрико муштоқи чунин таъомуле аст, вале ҳанӯз ба ин марҳила нарасидаем.
Дар ҳамин ҳол, Русия аз мавозеъи Ҳасани Рӯҳонӣ истиқбол карда ва гуфтааст музокироти тоза байни Эрону қудратҳои ҷаҳонӣ набояд ба таълиқ афтад ва бояд дар миёнаи сентябр баргузор шавад.
Сергей Лавров, вазири умур хориҷаи Русия, ки дар сафар ба Итолиё ба сар мебарад, гуфтааст: "Бисёр ҳаётӣ аст, ки аз рӯйкарди созандаи мақомоти Эрон ҳимоят кунем. "
Ӯ ҳамчунин гуфт: "Бо раиси ҷумҳури Эрон комилан мувофиқам, ки ихтилофот бояд бо музокира ҳаллу фасл шавад на бо ултимотум."
Қарор аст Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, дар сентябр, моҳи ояндаи мелодӣ, барои аввалин бор бо Ҳасани Рӯҳонӣ дар мақоми раёсати ҷумҳурӣ дидор кунад.
Иттиҳодияи Урупо ҳам рӯзи сешанбе дар барномае ба раиси ҷумҳурии ҷадиди Эрон гуфт оқои Рӯҳонӣ "қудрати зиёде барои барқарор кардани гуфтугӯ" дорад ва ибрози умедворӣ кард, ки даври ҷадиди музокирот "дар аввалин фурсат, ки муяссар бошад", баргузор шавад.
