Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ муъовини аввали раиси ҷумҳури Эрон шуд

  • 5 Август, 2013

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон, тайи ҳукме Исҳоқ Ҷаҳонгириро ба унвони муъовини аввали раиси ҷумҳур мансуб кард.

Оқои Ҷаҳонгирӣ мутаваллиди 1336\1957 аст. Ӯ собиқаи фаъъолият дар давлати Муҳаммад Хотамӣ, раиси ҷумҳури пешини Эронро ба унвони вазири саноеъ ва маъодин дорад.

Оқои Ҷаҳонгирӣ ҳамчунин дар давраҳои дувум ва севуми Маҷлиси Шӯрои Исломӣ намояндаи Ҷирафт буд.

Ӯ муддате ҳам устондори Исфаҳон буд.

Пас аз сабти номи Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ барои интихоботи раёсати ҷумҳурии имсол оқои Ҷаҳонгирӣ ба унвони раиси ситоди интихоботии ӯ баргузида шуд. Пас аз радди салоҳияти оқои Ҳошимӣ бо он ки оқои Ҷаҳонгирӣ расман дар ситоди интихоботии Ҳасани Рӯҳонӣ симате надошт, аммо гуфта мешуд, ки аз мушовирони наздики ӯ будааст.

Пештар оқои Рӯҳонӣ Муҳаммад Наҳовандиён, раиси утоқи бозаргонии Эронро ба унвони раиси дафтари худ интихоб карда буд.

Мақоми муъовинати аввали раёсати ҷумҳурӣ дар бознигарии Қонуни асосӣ дар соли 1368 ба мансабҳои давлатӣ дар Эрон изофа шуд ва Ҳасан Ҳабибӣ нахустин муъовини аввали раиси ҷумҳур буд, ки ин мақомро 12 сол дар ихтиёр дошт.

Муъовини аввали раиси ҷумҳур дар Эрон дувумин мақоми олирутба дар ҳайъати вазирон аст ва идораи ҳайъати вазирон дар ғоиби раиси ҷумҳур ва масъулияти ҳамоҳангии соири муъовинони раиси ҷумҳурро бар уҳда дорад.

Муъовини аввали раиси ҷумҳури Эрон монанди дигар муъовинони ин мақом аз сӯйи раиси ҷумҳурӣ интихоб мешавад ва эҳтиёҷ ба раъйи эътимоди маҷлис надорад ва ба ин тартиб фақат ба шахси раиси ҷумҳур посухгӯ аст.

Дар сурати фавт, истеъфо, ғайбат ё бемории беш аз ду моҳи раиси ҷумҳурӣ ё дар мавриде, ки муддати раёсати ҷумҳурӣ поён ёфта ва ҷонишини ӯ ба ҳар далеле ҳанӯз интихоб нашуда ва ё умури дигаре аз ин қабил муъовини аввали раиси ҷумҳур масъулиятҳо ва ихтиёроти ӯро бар уҳда мегирад.

Муъовини аввали раиси ҷумҳури Эрон дар ин сурат бояд ба ҳамроҳи руасои маҷлис ва қувваи қазоия дар муддати камтар аз 50 рӯз интихоботи раёсати ҷумҳуриро баргузор кунад.

Матолиби муртабит