Ҳасани Руҳонӣ, раиси ҷумҳури ҷадиди Эрон савганд ёд кард

  • 4 Август, 2013
Ҳасани Руҳонӣ
Image caption Дар ин маросим оқои Руҳонӣ ҳайати кобинаи худро эълом кард, ки қарор аст маҷлиси Эрон онро баъдан баррасӣ кунад

Ҳасани Руҳонӣ, раиси ҷумҳури ҷадиди Эрон матни савганди раёсати ҷумҳуриро пас аз қироъат дар маҷлиси Эрон имзо кард.

Оқои Руҳонӣ пас аз имзои матни савганди раиси ҷумҳур ба суханронӣ пардохт.

Ҳасани Руҳонӣ, раиси ҷумҳури ҷадиди Эрон дар оғози суханронии худ гуфт: "Бо савганде, ки дар ин маҷлиси бошукӯҳ адо намудам, акнун расман масъулияти сангини иҷроии кишвар, ҳифзи ҳуқуқи мардум ва посухгуӣ ба хостаҳоии онҳоро пазируфтаам."

Оқои Руҳонӣ афзуд, "ҳатто онҳо ки раъй надоданд, шаҳрвандони Эрон ҳастанд ва аз ҳуқуқи шаҳрвандии яксон бархурдоранд. Ман намояндаи ҳамаи мардуми Эрон ҳастам."

Дар ҳоле ки Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури пешин дар маросим ҳузур надорад, Муҳаммадризо Раҳимӣ, муъовини ӯ, Мир Тоҷуддинӣ, муъовини раиси ҷумҳури пешин дар иҷрои қонуни асосӣ, Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири пешини хориҷа ва Шамсуддин Ҳусайнӣ, вазири иқтисод дар маросим ҳузур доранд.

Оқои Руҳонӣ дар мавриди барномаи давлаташ гуфт "ҳадафи давлати тадбир ва умед фосила гирифтан аз тахайюл ва таваҳҳум ва тамаркуз бар тафаккур, барнома, шаффофият ва истифода аз тахассусҳо аст."

Ӯ гуфт "мардум мехоҳанд беҳтар зиндагӣ кунанд, иззат дошта бошанд , зиндагиашон субот дошта бошад ва ҷойгоҳи муносиби худ дар миёни кишварҳои ҷаҳон дошта бошанд."

Оқои Руҳонӣ бар нақш ва таъсири занон таъкид кард ва гуфт давлати ӯ эҷоди фурсатҳои баробар барои нақшофаринии занонро дар дастури кор қарор додааст.

Раиси ҷумҳури ҷадиди Эрон гуфт: "Мубориза бо фасод аз муҳимтарин аҳдофи давлат аст. Мубориза бо фасод, адолат, шукуфоии иқтисодӣ ва шоистасолорӣ ба армуғон меоварад ва фақр ва табъизро аз байн мебарад."

Раиси ҷумҳури ҷадиди Эрон дар мавриди сиёсати хориҷии кишвараш гуфт: "Ҷумҳурии исломии Эрон дар пайи сулҳ ва суботи минтақа аст. Эрон лангаргоҳи субот дар ин минтақаи пурошӯб аст. Мо дар паии тағйири марзҳо ва давлатҳо нестем."

Хитоб ба Ғарб: Ба ҷойи таҳрим бо такрим сухан бигӯед

Ӯ дар ишора ба равобити кишвараш бо кишварҳои ғарбӣ, ки ба далели барномаҳои ҳастаии Эрон танишомез буда, гуфт: "Танҳо роҳи таъомул бо Эрон, гуфтугӯ аз ҷойгоҳи баробар, эътимодсозии дуҷониба, эҳтироми мутақобил ва костан аз хусуматҳо аст."

Ӯ афзуд "ба сароҳат мегӯям, ки агар посухи муносиб мехоҳед, на бо забони таҳрим, ки бо забони такрим бо Эрон сухан бигӯед."

Оқои Руҳонӣ пас аз поёни суханронии худ ҳайати кобинаи ҷадиди Эронро эълом кард, ки аксари онҳо афроде ҳастанд, ки дар кобинаи Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури пешин ҳузур надоштаанд.

Дар маросими адои савганди оқои Руҳонӣ намояндагони ҳукумати Эрон ва меҳмонон аз ҳудуди 60 кишвари хориҷӣ ҳузур доштанд.

Дар ин маросим руасои ҷумҳури Тоҷикистон, Афғонистон, Қазоқистон, Арманистон, Покистон ва Лубнон ширкат карданд.

Матолиби муртабит