Раёсати ҷумҳурии Ҳасани Рӯҳонӣ дар Эрон оғоз шуд

  • 4 Август, 2013

Маросими танфизи ҳукми раёсати ҷумҳурии Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи шанбе дар маҳалли Ҳусайнияи Имом Хумайнӣ, мақарри раҳбари Эрон дар Теҳрон, баргузор ва даврони чаҳорсолаи раёсати ҷумҳурии ӯ аз 12 мурдодмоҳи 1392 расман оғоз шуд.

Дар ин маросим вазири кишвар гузорише аз баргузории интихоботи ахири раёсати ҷумҳурӣ дод. Баъд аз он Муҳаммад Муҳаммадии Гулпойгонӣ, раиси дафтари раҳбари Эрон, ҳукми танфизи оқои Рӯҳониро қироат кард.

Ба ин тартиб, даврони чаҳорсолаи раёсати ҷумҳурии Ҳасани Рӯҳонӣ оғоз шуд.

Оқои Рӯҳонӣ дар аввалин дақоиқи суханронияш гуфт, ки " ман сангинии бори ин раъй ва ҳукми танфизро эҳсос мекунам ва Худовандо, ба ту паноҳ мебарам аз истибдоди раъй, аҷала дар тасмим, тақаддуми нафъи шахсӣ ва гурӯҳӣ ба масолеҳи умумӣ ва бастани даҳони рақибон ва мунтақидон."

Оятуллоҳ Алии Хоминаӣ ҳам дар ин маросим суханронии нисбатан кӯтоҳе эрод кард ва зимни ташаккур аз Маҳмуди Аҳмадинажод, раисҷумҳури собиқ, оқои Рӯҳониро сиёсатмадори "озмуншуда" хонд.

Оқои Хоминаӣ дар ин суханронӣ хостори кумак ба раиси ҷумҳурии ҷадид дар иҷрои вазоиф ва барномаҳояш шуд.

Дар ин маросим номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии даври ёздаҳум ҳузур доштанд. Алӣ ва Содиқи Лориҷонӣ, руасои қувваи муқаннана ва муҷрия, Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раиси Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низом ва Аҳмади Ҷаннатӣ, дабири Шӯрои Нигаҳбон, ба ҳамроҳи Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳур, ва Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии собиқ, дар канори оқои Хоминаӣ нишаста буданд.

Шуморе аз суфарои муқими Теҳрон, аз ҷумла сафири Фаронса ва Итолиё, низ дар маросим ҳузур доштанд, аммо Муҳаммади Хотамӣ, раисҷумҳури асбақи Эрон, дар ин маросим ҳузур надошт.

Тибқи банди 9-и асли 110-и Қонуни асосии Эрон, имзои ҳукми раёсати ҷумҳурӣ аз ҷумлаи вазоиф ва ихтиёроти раҳбари Эрон аст. Оқои Рӯҳонӣ чаҳорумин раисҷумҳури Эрон дар давраи раҳбарии Оятуллоҳ Хоминаӣ аст.

Танфиз ё таъйиди ҳукми раёсати ҷумҳурии Эрон тавассути раҳбари Эрон, пас аз интихоби мардум ва қабл аз маросими таҳлиф ё савганди раиси ҷумҳурӣ сурат мегирад.

Маросими таҳлифи оқои Рӯҳонӣ рӯзи якшанбе дар маҷлиси Эрон баргузор мешавад.

Матолиби муртабит