Ҳушдори Хотамӣ дар бораи 'таваққуъоти беҷо' аз давлати ҷадиди Эрон

Муҳаммад Хотамӣ, раиси ҷумҳурии пешини Эрон мегӯяд, Ҳасани Рӯҳонӣ дар сурате муваффақ хоҳад буд, ки “бо раҳбарӣ ҳамоҳанг бошад ва раҳбарӣ ҳам ба ӯ кумак кунад.”
Оқои Хотамӣ рӯзи чоршанбе 19-уми июн дар дидор бо аъзои ҳайъати раисаи Анҷумани исломии Донишгоҳи Теҳрон ва улуми пизишкии Теҳрон дар бораи “шитобзадагӣ” ва “эҷоди таваққуъоти беҷо” аз давлати оянда ба раёсати оқои Рӯҳонӣ ҳушдор дод.
Ӯ ҳамчунон хоҳони ба расмият шинохта шудани “ҳаққи сухан гуфтани мухолифон” шуд. Оқои Хотамӣ гуфт: “Давлат наметавонад муъҷиза кунад. Фардо таваррум ва бекории вайронокунанда аз байн нахоҳад рафт ва равобити хориҷӣ ислоҳ нахоҳад шуд. Набояд ин таваққуъотро дошта бошем.”
Ӯ дар айни ҳол хостори он шуд, ки “руйкардҳо тағйир кунад ва андак андак пеш биравем.”
Ҳасани Рӯҳонӣ дар интихоботи Эрон касби бо бештар аз 18 милюн раъй ба унвони ҳафтумин раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон интихоб шуд.
Ӯ ки дар ин интихобот аз ҳимояти ислоҳталабон аз ҷумла Муҳаммад Хотамӣ бархурдор буд, дар нахустин нишасти хабарии худ пас аз интихобот гуфт, ба ваъдаҳояш дар заминаи беҳбуди вазъияти иқтисодӣ ва равобит бо кишварҳои ҷаҳон пойбанд аст.
Муҳаммад Хотамӣ дар ҷаласаи рӯзи чоршанбе бо тамҷид аз шиъорҳо ва ваъдаҳои Ҳасани Рӯҳонӣ дар даврони муборизоти интихоботӣ онҳоро “бисёр хуб” ва “таъминкунандаи хостаҳои ислоҳталабон” хонд.
Ӯ ҳамчунин аз идомаи ҳасри хонагии Мирҳусейн Мусаввӣ, Заҳро Раҳнавард, Меҳдии Каррубӣ ва зиндонӣ шудани мухолифон интиқод кард.
Муҳаммад Хотамӣ гуфт: “Бояд посухи мутолиботи эътидолгароёнаи мардум, монанди рафъи ҳасри Мусаввӣ Раҳнавард ва Каррубӣ дода шавад. Агар ба ин мутолибот посухи муносиб дода нашавад, ҷомеъа дучори яъс (навмедӣ) мешавад.”
Ин се нафар аз раҳбарони эътирозҳои соли 2009 дар Эрон аз 28 моҳи пеш дар ҳасри хонагӣ будаанд.
Дар рӯзҳои гузашта гурӯҳҳое аз шаҳрвандоне, ки барои шодии пас аз эъломи натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон, ҳамчунон роҳёбии тими миллии футболи Эрон ба Ҷоми Ҷаҳонии 2014 ба хоёбонҳо омада буданд, шиъорҳое дар ҳимоят аз Мирҳусейн Мусаввӣ ва Меҳдии Каррубӣ сар доданд ва хостори озодии онон аз ҳасри хонагӣ шуданд.
Дар фазои маҷозӣ низ гурӯҳе аз корбарони эронӣ чунин хостаеро матраҳ кардаанд.
Раиси ҷумҳури собиқи Эрон аз Ҳасани Рӯҳонӣ хост рӯйи иҷрои Қонуни асосӣ дар Эрон истодагӣ кунад.
Ҳасани Рӯҳонӣ дар моҳи август давлати Эронро аз Маҳмуди Аҳмаднажод таҳвил мегирад ва пас аз он бояд бо муъаррифии вузарои пешниҳодиаш ба маҷлиси Шӯрои Исломӣ, барои онон раъйи эътимод бигирад.
Мунтақидони давлтаи Аҳмадинажод, аз ҷумла ислоҳталабон мегӯянд оқои Рӯҳонӣ бояд барои рафъи мушкилоти падидомада дар ҳашт соли мудирияти ӯ дар ҳавзаҳои мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ талош кунад.
Муҳаммад Хотамӣ гуфтааст: “Оқои Рӯҳонӣ бояд талош кунад ин қаторро рӯйи рейли худаш баргардонад ва ҷуброни 8 солро кунад ва суръати бештаре ҳам бидиҳад.”
