Аввалин вокуниши Убомо ба интихоби Рӯҳонӣ: муҳтотона хушбинем

Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико дар аввалин вокуниши мустақими худ ба интихоби Ҳасани Рӯҳонӣ ба унвони раиси ҷумҳурии тозаи Эрон муҳтотона ибрози хушбинӣ карду гуфт, умедвор аст бо итмоми ин интихобот “битавон гуфтугӯҳоеро пеш гирифт, ки ҳалли бӯҳрони ҳастаии Эронро мумкин мекунад.”
Оқои Убомо, ки дар ҳошияи иҷлоси Гурӯҳи ҳашт кишвари санъатии бузурги ҷаҳон (G8) бо Владимир Путин, ҳамтои руси худ, мулоқот карда буд, ин вокунишро дар конфаронси муштараки хабарӣ бо раиси ҷумҳурии Русия унвон кард.
Владимир Путин низ дар ин конфаронси хабарӣ гуфт, умедвор аст дар пайи интихобот дар Эрон, фурсатҳои тозае барои ҳалли бӯҳрони ҳастаии Эрон фароҳам шавад.
Раиси ҷумҳурии Русия гуфт: “Мо талоши худро дар ин замина аз тариқи иқдомоти дуҷониба ва низ дар чаҳорчӯби музокироти байналмиллалӣ пай хоҳем гирифт.”
Рӯзи гузашта низ Денис Мак-Доно раиси дафтари Кохи Сафед дар як барномаи телевизиюнӣ интихоби Ҳасани Рӯҳониро “билқувваи” нишонаи умед хонд.
Оқои Мак-Доно дар мусоҳиба бо барномаи телевизиюнии “Дар баробари мардум” аз шабакаи Си-би-эс гуфт, агар раиси ҷумҳурии мунтахаби Эрон “ба таъаҳҳудоти худ таҳти қатъномаҳои шӯрои амнияти СММ амал кунад” ва ба рафъи тардид дар бораи “барномаи ҳастаии ғайримуҷози” ин кишвар мубодират варзад, метавонад давлати Омрикоро “шарики” худ биёбад.
