Руҳонӣ: Ҳозирем шаффофияти бештаре дар барномаҳои ҳастаӣ нишон диҳем

Ҳасани Руҳонӣ, раиси ҷумҳури мунтахаби Эрон гуфтааст, кишвараш омодаи нишон додани шафофияти бештар дар мавриди барномаи ҳастаии худ аст.
Оқои Руҳонӣ, ки 64 сол дорад, дар нахустин кунфаронси матбуъотии худ пас аз интихобаш дар рӯзи ҷумъаи гузашта таҳримҳои вазъшуда бар кишварашро дар робита ба барномаи ҳастаӣ золимона тавсиф кард.
Ӯ гуфт, ки Теҳрон фаъъолиятҳои ғанисозии урониюмро мутаваққиф нахоҳад кард.
Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд Эрон талош дорад ба силоҳи ҳастаӣ дастрасӣ пайдо кунад, аммо Теҳрон гуфтааст барномаи ҳастаии он сирф барои мақосиди сулҳомез аст.
Нишасти хабарӣ замоне, ки фарде шиъор дод, ки Мирҳусайни Мусавӣ, яке аз раҳбарони ислоҳталабон, ки дар ҳасри хонагӣ аст, бояд раиси ҷумҳур бошад, ба сурати ногаҳонӣ ба поён расид.
Оқои Руҳонӣ, ки яке шахсиятҳои собиқадор дар саҳнаи сиёсии Эрон аст дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон рӯзи ҷумъа беш аз 50 дарсади ороро ба даст овард ва ин муҷиб шуд, ки интихобот ба даври дувум наравад.
Дар нишасти хабарӣ, ки масоили мухталиф ба сурати густардае матраҳ шуд, оқои Руҳонӣ ҳамчунин гуфт:
Раиси ҷумҳури Эрон дорои ихтиёроти маҳдуд аст. Тасомими калидӣ аз суи оятуллоҳ Алии Хоменайӣ, раҳбари мазҳабии Эрон иттихоз мешавад.
Монеъаи асосӣ
Оқои Руҳонӣ дар толоре, ки мамлу аз хабарнигорон буд, гуфт: "Албатта барномаҳои ҳастаии мо шаффоф аст, аммо ҳозирем шаффофияти бештаре нишон диҳем то барои ҳамаи дунё рӯшан кунем, ки иқдомоти мо комилан дар чорчӯбҳои байналмилалӣ аст".
Аммо ӯ таъкид кард, ки ӯ бо мутаваққиф кардани ғанисозии урониюм мухолифат хоҳад кард, чизе ки аз мавонеъи калидӣ дар идомаи музокироти Эрон ва қудратҳои ҷаҳон будааст.
Моҳи гузашта Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ, вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид гуфт: "Эрон садҳо сонтрифюжи ҷадид дар таъсисоти Натанз насб кардааст."
Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ, ки аз Эрон хостааст шаффофияти фаъъолиятҳои ҳастаии худро ба намоиш бигзорад, аз "абъоди низомии эҳтимолии" барномаи ҳастаии Эрон ибрози нигаронӣ кардааст.
Ин созмони байналмилалӣ аммо гуфтааст, маводи ҳастаии ҳассос, ки урониюми ғанишуда бо хулуси 20 дарсад аст дар Эрон афзоиш наёфтааст.
Эрон ҳадафи чаҳор давр аз таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид ва қатъномаҳои мутаъаддиди Шурои амният қарор гирифтааст, ки дар ин аснод аз он хоста шуда ғанисозии урониюмро мутаваққиф кунад.
Исроил таҳдид кардааст, ки барои анҷоми ҳамалоти ҳавоӣ ба душмани деринааш Эрон дар сурати мутаваққиф нашудани ғанисозии урониюм иқдом хоҳад кард.
Аммо рӯзи душанбе оқои Руҳонӣ гуфт: "Ин таҳримҳо золимона аст ва миллати Эрон коре накарда, ки истеҳқоқи таҳрим дошта бошад ва коре, ки анҷом шуда, қонунӣ ва мутобиқи қавоъиди байналмилалӣ аст. Истифода аз абзори таҳрим даврааш гузаштааст ва ҳатто бар зарари худи Ғарб ҳам ҳаст ва шояд барои Исроил суд дошта бошад."
Умедҳои Ғарб
Қудратҳои ғарбӣ алоиме нишон додаанд, ки дар ҳоли ҳозир омодаи таъомул бо раиси ҷумҳури ҷадиди Эрон ҳастанд, ки дар муқоиса бо панҷ муддаъии дигари курсии раёсати ҷумҳурии ин кишвар фарде муътадил ба назар мерасад.
Денис Макдоноу, раиси дастгоҳи Кохи Сафед ба шабаки CBS News гуфтааст: "Агар (оқои Руҳонӣ) тааҳҳудоти ношӣ аз Қатъномаҳои Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар бораи поён додан ба ин барномаи ғайриқонунии ҳастаиро иҷро кунад, ӯ як шарик дар мо пайдо хоҳад кард."
Котрин Эштун, масъули сиёсатҳои хориҷии Иттиҳодияи Урупо барои як "роҳи ҳалли сареъи димплумотик" дар ҳалли масъалаи ҳастаии Эрон ибрози умедворӣ кардаст.
Русия рӯзи якшанбе оқои Руҳониро барои пирӯзӣ дар интихобот табрик гуфт. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия изҳори итминон кард, ки оқои Руҳонӣ равобити наздиктаре бо Русия барқарор кунад.
Рӯзи шанбе пас аз он ки натоиҷи расмии интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон эълом шуд, ҳазорон нафар аз эрониён ба хиёбонҳо рехтанд, ки бархеҳо либосҳои ранги бунфаш, ранги оқои Руҳонӣ дар интихобот, ба тан доштанд ва бархе ҳам либосҳои сабз, ранги ҷунибиши ислоҳталабӣ пӯшида буданд.
Хабаргузории донишҷӯёни Эрон (ИСНО) гузориш додааст, ки Оқои Руҳонӣ дар ҳоли ҳозир гуфтугӯ дар бораи ҳайати кобинаи худро бо Алии Лориҷонӣ, раиси порлумони Эрон оғоз кардааст.
Қарор аст порлумон моҳи август замоне, ки оқои Руҳонӣ ба унвони раиси ҷумҳури ҷадид ба фаъъолият оғоз мекунад, кобинаи ӯро мавриди таъйид қарор диҳад.
