Душвориҳои раиси ҷумҳури ҷадиди Эрон

Ҳасани Руҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон шуд. Бадеҳӣ аст ки дунё аз ин хабар такон хурда ва хелеҳо ба дунболи таҳлил ва ҳазми ин иттифоқанд. Дар дохили Эрон ҳам гурӯҳҳои мухталиф аз завоёи мухталиф ба ин рухдод таваҷҷуҳ хоҳанд кард. Дар дохили муҳофизакорон таконаи интихобот чунон табаъоте хоҳад дошт, ки ҷобаҷоиҳои зиёде дар ҳавзаи шахсиятҳо, чинишҳо ва истиротижии ҳаракат амри ғарибе нахоҳад буд.
Ин интихоб аз завоёи бешуморе қобили тааммул аст. Муҳимтарини онҳо иборатанд аз ин ки Ҳасани Руҳонӣ чӣ гуна системе, ки дар шароити феълӣ таҳвилаш мешавадро дар ҳади ихтиёрот ва маҳдудиятҳояш мудирият хоҳад кард.
Рафтори интихоботии раҳбарӣ
Бидуни шак рафтори оятуллоҳ Хоменайӣ дар ин интихобот сужаи таҳлилҳои бисёре хоҳад буд. Ҳарфу ҳадисҳои гузашта, бавижа дар ду даври гузаштаи раёсати ҷумҳурии оқои Аҳмадинажод рӯйи ваҷҳаи оятуллоҳ Хоменайӣ асари ғайриқобилиинкоре дошт, чӣ дар даруни лояҳои нуфуз ва қудрати руҳониюн ва чӣ дар назди миллати Эрон.
Бадбиниҳои бисёре вуҷуд дошт, ки риштаи ҳар кадом аз масоили ҳазинасоз бар кишварро ки мегирифтӣ, ба навъе ба оятуллоҳ Хоменайӣ мерасид. Ҷумлаи ӯ ки мегуфт "Ман як раъй дорам " ё ин ки "ҳатто наздикони ман намедонанд ман ба чӣ касе раъй додаам"-ро намешуд дар ҳамон нигоҳи аввал пазируфт. Ҳадди ақал барои бисёре чунин буд, барои онҳое ки нооромиҳоии пас аз интихоботи соли 2009-ро дида буданд, хонаводаҳое, ки азизонашон кушта, захмӣ, дастгир ё зиндонӣ шуданд ва барои бисёре аз нозирон, ки бо истинод ба мавзеъгириҳои ҷонибдоронаи оятуллоҳ Хоменайӣ дар ҳимоят аз оқои Аҳмадинажод ба масоил менигаристанд. Ё барои руҳониёне, ки тайи солҳои раҳбарии ҷумҳурии исломӣ ба мавзеъи мухолифони вай пайвастаанд ва ӯро ба ҳаракат дар масири иқтидоргароӣ ва таҳмили назараш бар зиндагӣ ва сарнавишти ҳукумат ва эрониён муттаҳам кардаанд.
Ин нигоҳ бавижа пас аз радди салоҳияти Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ ташдид ҳам шуд, зеро ин савол матраҳ буд, ки чӣ гуна Шурои нигаҳбони мансуби раҳбарӣ метавонист бидуни назари раҳбарӣ чунин карда бошад, бавижа пас аз он ки оқои Рафсанҷонӣ ангушти худро ба суи мақомоти иттилоъотӣ нишона рафт, ки бо ҳузураш дар Шурои нигаҳбон аъзои он шуро ба тағйири назараш водоштанд, мақом ё мақомоте, ки ҳузураш дар мансаби худро мадюни пофишории оятуллоҳ Хоменайӣ мебинанд.
Ба ҳар рӯй акнун ки натиҷаи интихобот мушаххас шуда ва Ҳасани Руҳонӣ пирӯзи интихобот муъаррифӣ шуда, бисёре тардиди қаблӣ нисбат ба мавозеъи интихоботии оятуллоҳ Хоменайиро канор хоҳанд гузошт, ҳаддиақал то ҳудуде. Вале чандин нуктаи муҳим вуҷуд дошт, ки нишон медод раҳбари ҷумҳурии исломии Эрон ин бор нисбат ба гузашта тағйири рафтор додааст.
Нахуст он ки вай башиддат хостори ҳифзи оромиш буд. Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва дигар ҳалқаҳои амниятӣ, ки дар гузашта дар фазои интихоботӣ монуври нуфуз ва қудрат медоданд, ин бор тақрибан ба тамомӣ канор истоданд ва агар назорагари маҳз ҳам набуданд, ҳаддиақал дар титрҳо ва фазои расонаҳо ҳам монувр намедоданд ва ҳарфу ҳадисҳои рафтори гузашта чандон ба гӯш нарасид. Низомиён ва амниятиҳо ин бор барои фазои пас аз интихобот омодабош буданд.
Дигар ин ки раҳбарӣ ба суръат аз радди салоҳиятшудагон ба хотири тамкин ба қонун ташаккур кард, ки дар гузашта собиқаи инчунинӣ надошт. Радди салоҳияти Ҳошимии Рафсанҷонӣ аз завоёи зиёде қобили баҳс ва тааммул аст, аммо оқои Ҳошимӣ бо ҳимояташ аз Ҳасани Руҳонӣ дубора ба саҳна бозгашт ва иттифоқан акнун метавонад бахши қобили таваҷҷуҳе аз пирӯзии оқои Руҳониро маълули ҳаракати худ бидонад, то андозае.
Зарурати ҳамроҳии мутақобил
Ин нукта ҳам бисёр муҳим буд, ки оятуаллоҳ Хоменайӣ аз миллати Эрон хост ҳатто агар аз низом розӣ нестанд, барои Эрон дар раъйгириҳо ширкат кунанд. Ин мавзеъ як дарё маъно дар худ дошт. Муҳимтарини он мизони таваҷҷуҳе буд, ки вай ба аҳамияти мушорикати густардаи мардум қоил буд, ин бор албатта аз сари таваҷҷуҳ ба буҳронҳои мухталифе, ки низом дар дарун ва берун бо онҳо мувоҷеҳ ва чӣ басо бо онҳо даст ба гиребон аст.
Оятуллоҳ Хоменайӣ ин бор зоҳиран беш аз он ки чӣ касе аз сандуқ берун ояд, мизони мушорикати мардум ва ирсоли паёме қудратманд ба дунёи берун барояш аҳамият дошт. Аз ҳамин рӯ ва ин қобилиятро аз худ нишон дод, ки бо ҳар як аз номзаде, ки пирӯзи ниҳоӣ бошанд, метавонад кор кунад ва Ҳасани Руҳонӣ, ки иттифоқан собиқаи кор аз наздик бо вайро дорад аз ин амр мустасно нест.
Бадеҳӣ аст ки Ҳасани Руҳонӣ бояд дар тамомии масоили калидӣ бо оятуллоҳ Хоменайӣ кор кунад ва ин бахше аз созукори сиёсат ва ҳукумат дар ҷумҳурии исломии Эрон аст. Бо таваҷҷуҳ ба шароите ки бар робитаи Маҳмуди Аҳмадинажод бо оятуллоҳ Хоменайӣ эҷод шуд, Ҳасани Руҳонӣ эҳтимолан нахоҳад хост, ки эҳсоси тақобул бо оятуллоҳи Хоменайӣ эҷод кунад, чаро ки вай бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи руасои ҷумҳури қабл аз худ инро дарёфта, ки муҳофизакорон чӣ гуна қодиранд вайро дар иҷрои сиёсатҳояш замингир кунанд. Ин замингирӣ ҳам дар даврони Муҳамади Хотамӣ ва ҳам дар солҳои поёнии Маҳмуди Аҳмадинажод бахубӣ қобили мушоҳида буд.
Як вижагии Ҳасани Руҳонӣ, ки дар мунозираҳоии телевизиюнӣ онро хуб ба намоиш гузошт, ин аст ки вай диплумосии каломии хубе дорад ва истидлол ва иқноъро бар таҳаккуми бепуштвона тарҷеҳ медиҳад. Табиӣ аст, ки вай ба дунболи эҷоди давлате бошад, ки ҳисси миллӣ будан ва доштани узв аз ҳамаи ҷараёноти сиёсии аслии дохилиро эҷод кунад.
Оқои Руҳонӣ агар робитаи худро бо раҳбарӣ ба гунае танзим кунад, ки битавонад асароти манфии лояҳои рақиб ва эҳтимолан коршикан дар миёни муҳофизакоронро то ҳудуди зиёде хунсо кунад, он вақт хоҳад тавонист, ки чанд гоми муҳим бардорад, гомҳое ки ҳам барои эрониён ва ҳам барои беруниҳо метавонад мизонулҳарорае аз наҳваи ҷойгирӣ ва робитаи ӯ бо оятуллоҳ Хоменайӣ бошад.
Гомҳои ҳаётии Руҳонӣ
Ба назар мерасад баҳси ҳастаӣ аввалин маврид нест. Аввалин маврид бозгардондани эътимод ва оромиш ба дарсади қобили таваҷҷуҳе аз мардум аст, ки агар раъйи онҳо набуд, Ҳасани Руҳонӣ дар ҷойгоҳи раёсати ҷумҳурӣ қарор намегирифт. Муҳимтарин иттифоқи нахустине, ки агар таҳти раёсати ҷумҳурии оқои Руҳонӣ биафтад, барои хелеҳо гушоиши ҷолибе хоҳад буд, ин аст ки ба ҳасри хонагии оқои Мусавӣ ва Каррубӣ ва Заҳро Раҳнавард поён дода шавад. Пирӯзии оқои Руҳонӣ ин интизорро дар назди афкори умумии эрониён, агар нагӯӣ ҳамаи онҳо, эҷод кардааст.
Барои расидан ба ин ҳадаф оқои Руҳонӣ бояд битавонад оятуллоҳ Хоменайиро қонеъ кунад, ки чархиш дар сиёсатҳои ҳашт соли гузашта роҳи ҳаракат ба ҷилав аст, агарчи ин чархиш илзоман набояд ақабнишинӣ таъбир ё тасвир шавад. Агар оқои Руҳонӣ битавонад ба ин ҳаср поён диҳад, арзиши симбулики он барои руҳияи эрониён беҳтар ва эҳтимолан ширинтар аз он аст, ки дулор ба қимати собиқи ҳазортумонии он бозгардад. Агар ҳокимият Эрон аз миллати Эрон мехоҳад, ки сахтиҳои таҳрим ва амсоли онро таҳаммул кунад, ниёзманди он аст, ки ба мардум нишон диҳад қобилияти чархиш аз тасмимоти нороҳаткунанда ва таҳриккунандаро дорад.
Истимрори ҳасри оқои Мусавӣ ва Каррубӣ ва Заҳро Раҳнавард, он ҳам пас аз пирӯзии фарде бо гуфтамони эътидол ва тадбир бештар ба маънои даҳанкаҷии раҳбарӣ ва муҳофизакорони атрофаш ба раъйи мардум талаққӣ хоҳад шуд.
Дар баҳси ҳастаӣ ҳам оқои Руҳонӣ ниёзманди ҳамкорӣ ва ҳамроҳии раҳбарӣ аст. Ӯ инро нек медонад, чаро ки дар даврони тасаддии музокирот бо ҷаҳони хориҷ қоъидатан меконизми ин мақуларо беҳтар аз хелеҳо мешиносад.
Ҳасани Руҳонӣ акнун рисолати сангине бар дӯш дорад. Иқтисоди башиддат таҳти фишорро таҳвил гирифта, ки муҳимтарин манбаи даромадаш яъне нафтро наметавонад бифурӯшад ё пулашро таҳвил бигирад. Оқои Руҳонӣ ҷумлае дар мунозирот ва таблиғоти интихоботиаш ба кор бурд, ки бисёреро ба ин натиҷа расонд, ки вай аҳли амалгароӣ аст ва ҳазинаи фоидаро дар корҳо аз назар дур намедорад. Ӯ вақте гуфт, ки "сонтрифюжҳо бичарханд, вале зиндагии мардум ҳам бояд бичархад", ин эҳсос ба мардуми Эрон дода шуд, ки вай пешрафт дар ҳавзаи ҳастаиро ба баҳои нобудии сойири зерсохтҳо ва аз байн рафтани тадриҷии кайфияти зиндагии мардум намехоҳад.
Вале вай дар айни ҳол дар ҷавоби мунтақидони интихоботии ӯ ки ӯро ба имтиёздиҳӣ дар баробари ғарбиҳо ва ё музокираи мустақим бо кадхудо (Омрико) муттаҳам мекарданд, ин посухро бо зикри торих ироа мекард, ки бистарсозии бисёре аз пешрафтҳое, ки дар даврони оқои Аҳмадинажод рубони (навори) ифтитоҳашон қайчӣ шуд, дар даврони мудирони қаблӣ, чун вай, сурат гирифта буд.
Фасли тозаи Ҷумҳурии Исломӣ
Бидуни шак, акнун мотори музокироти Эрон бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба ронандае агар на тоза, вале корозмуда муҷаҳҳаз шуда ва ин масъала чанд зовияи бисёр ҷолиб дорад. Муҳимтарин ин ки на оқои Руҳонӣ касе аст, ки бихоҳад монанди оқои Аҳмадинажод валъ будан дар чашми расонаҳо ва такруйӣ ва қаҳрро дошта бошад ва на оқои Руҳонӣ дар ҷойгоҳе монанди Ҳошимии Рафсанҷонӣ аст, ки агар муҳофизакорон мегузоштанд ӯ биёяд ва раиси ҷумҳур шавад, оятуллоҳ Хоменайӣ зери сояи ӯ қарор мегирифт. Аз ин рӯ ду чеҳраи аслии Ҷумҳурии Исломӣ (оқои Хоменайӣ ва Рафсанҷонӣ) ва ду ҷараёни аслии муҳофизакорӣ ва ислоҳталабӣ ва амалгароӣ бо ҳамаи тафовути салиқа ва дидгоҳаш дар як фард монанди Ҳасани Руҳонӣ ба ҳадди васат расидаанд ва ин сафҳаи шатранҷи сиёсии Эронро бисёр ҷолиб мекунад.
Ҳоло дунёи берун сатҳи интизоротро ба шакле табиӣ боло хоҳад бурд ва фишори бештаре рӯйи Ҷумҳурии Исломӣ хоҳад гузошт то аз Эрон имтиёз бигирад ва фишори таҳримҳояшро бо фишори ношӣ аз мутолиботи эҷодшуда дар назди нозирон ба нафъи худ дар ҳам биёмезад. Ҳасани Руҳонӣ бояд ин марҳаларо бо дироят ва диплумосӣ рад кунад ва дар ин марҳала ҳам ҳамроҳии оятуллоҳ Хоменайӣ зарурӣ аст.
Ба эҳтимоли қавӣ ин тафаккур дар байни бархе истиротижестҳо қувват хоҳад гирифт, ки ҷумҳурии исломии Эрон дар тағйир додани майдони бозӣ ба маҳорати болое расида ва акнун бо омадани Ҳасани Руҳонӣ ва муддате, ки тул мекашад то аз вай ҳаракати хосе дар ҳавзаи ҳастаӣ бубинем, дар асл ин Ҷумҳурии Исломӣ аст, ки дорад замон мехарад ва сонтрифюжҳо бевақфа дар чархиш ва ғанисозӣ ҳастанд.
Акнун Ҳасани Руҳонӣ дар шароите дар кохи раёсати ҷумҳурӣ қарор мегирад, ки камтар сиёсатмадоре метавонад ба ҳоли ӯ ғибза бихӯрад, чун ҳаҷми фишор ва масъулиятҳо аз сатҳи тавони як раиси ҷумҳури оддӣ хориҷ аст. Ҳасани Руҳонӣ ниёзманди ҳамроҳӣ ва ҳамкории ҳамаи бахшҳоии дарун ва беруни ҳокимияти Ҷумҳурии Исломӣ ва Эрон аст.
Вале наметавон шодии бахши қобили таваҷҷуҳе аз мардум ва миллиюнҳо нафаре, ки ба гуфтамони оқои Руҳонӣ раъй додандро нодида гирифт, онҳое ки аз адабиёти оқои Аҳмадинажод ва ҳазинаҳоии мавозеъи вай дар ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва дохилӣ нороҳат буданд. Акнун эрониён раиси ҷумҳурии тоза доранд, ки бо вуҷуди бозгашти ридои раёсати ҷумҳурӣ ба дӯши як фарди руҳонӣ ӯро аз рӯйи гуфтаҳояш касе мешиносанд, ки ба дунболи эътидол аст, ба гуфтаи худаш "ҳуқуқдон аст ва сарҳанг нест " ва ба бархурди ғайризарурии амниятӣ ва иттилоъотӣ эътиқод надорад. Мардум ба касе раъй доданд, ки иъодаи эҳтиром ба мардум ва ҷомеъа дар дохил ва хориҷро авлавият медонад, вагарна агар мардум ба дунболи тармими масоили дигаре буданд, гузинаҳоии интихобашон аз миёни ҳамон ҷамъи маҳдуд, фоқиди танаввуъ набуд.
