Вокунишҳои дохилӣ ва хориҷӣ ба интихоби раиси ҷумҳури ҷадиди Эрон

Оятуллоҳ Алии Хоменаӣ дар паёми хитоб ба миллати Эрон аз онҳо барои ширкат дар интихобот ташаккур кард ва пирӯзии Ҳасани Руҳониро табрик гуфт. Ӯ аз раиси ҷумҳури мунтахаб хост, ки корҳои муқаддамотиро бедиранг оғоз кунад.
Сипоҳи посдорон пирӯзии Ҳасани Руҳониро ба ӯ, раҳбари Эрон ва мардуми ин кишвар табрик гуфт ва барои "таъомул ва ҳамкорӣ бо давлати оянда" ибрози омодагии ҳамаҷониба кард.
Давлати Омрико эълом кард, ки ба интихоби мардуми Эрон эҳтиром мегузорад ва ба онҳо барои ҳузур дар ин фароянди сиёсӣ табрик мегӯяд. Омрико шуҷоъати мардуми Эронро, ки боъис шуданд садои онҳо шунида шавад, сутуд.
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия зимни табрик ба Ҳасани Руҳонӣ ба хотири пирӯзии ӯ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аз ӯ хоста то равобити наздиктаре бо Русия барқарор кунад.
Вазири умури хориҷаи Фаронса гуфт, ки ба "иштиёқи қотеъи мардуми Эрон ба демукросӣ дуруд мефиристад. Ӯ ҳамчунин бо судури баёнияе эълом кард, ки Фаронса омодаи ҳамкорӣ бо раиси ҷумҳури мунтахаби Эрон дар мавриди мавзуъоти мухталифе чун барномаи ҳастаӣ ва буҳрони Сурия аст.
Вазорати умури хориҷаи Бритониё дар вокуниш ба пирӯзии Ҳасани Руҳонӣ аз ӯ хост, ки бо истифода аз ин фурсат ба нигарониҳоии ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз барномаи атумии Эрон расидагӣ кунад, равобити созанда бо ҷомеъаи байналмилалӣ барқарор кунад ва вазъияти сиёсӣ ва ҳуқуқи башарро барои мардуми Эрони беҳбуд бахшад.
Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил дар вокуниш ба интихоби раиси ҷумҳури ҷадид дар Эрон гуфтааст, ки ин оятуллоҳ Алии Хоменаӣ, раҳбар Эрон аст, ки дар бораи барномаи ҳастаӣ тасмимгирӣ мекунад, на раиси ҷумҳур.
Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон пирӯзии Ҳасани Руҳониро табрик гуфт ва баргузории интихоботи ахирро "гоме дар ҷиҳати тақвияти бештари мардумсолорӣ" дар Эрон донист.
Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон ба Ҳасани Руҳонӣ табрик гуфт ва орзу кард, ки "давлати тадбир ва умед"- и ӯ битавонад орзуҳоро муҳаққақ созад.
