Рӯҳонӣ: Давлати оянда ба ҳеҷ ҷиноҳ ва ҳизбе таъаҳҳуде надодааст

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури мунтахаби Эрон дар нахустин суханрониаш пас аз пирӯзиаш дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, гуфт, ки давлати ӯ ба ҳеҷ ҳизб ва ҷиноҳе таъаҳҳуде надода ва вомдори ҳеҷ ҷиноҳ ва ҳизб нахоҳад буд.
Оқои Рӯҳонӣ, ки дар ҳамоиши “Уфуқи расона” дар солуни ҳамоишҳои Садо ва Симо суханронӣ мекард, дар бораи интихоби кобинааш гуфт: “Давлати оянда ҳамон тавр, ки ваъда дода шуда, як давлати фароҷиноҳӣ ва бо такя бар шоистасолорӣ хоҳад буд.”
Ӯ гуфт, дар кобинааш афроде шоиста аз ҳама ҷиноҳҳо ва аҳзоб ба шарти доштани “эътидол ва миёнаравӣ” ҳузур хоҳанд дошт.
Оқои Рӯҳонӣ ҳамчунин хабари интихоби гузинаҳояш барои вазоратхонаҳои давлати ёздаҳумро дар ҳоли ҳозир рад кард ва гуфт, ҳеҷ тасмиме барои аъзои кобинааш нагирифта ва барои интихоби вазирони худ дар ҳоли машварат аст.
Ӯ дар ин бора гуфт: “Гумоназаниҳое дар бархе аз расонаҳо дар мавриди бархе аз аъзои кобина баён мешавад, ки бояд бигӯям, инҳо сирфан гумоназанӣ беш нест.”
Умури давлати даҳум рӯзи 12 мурдод поён меёбад ва пас аз он маросими танфизи Ҳасани Рӯҳонӣ дар ҳузури раҳбари ҷумҳурии исломӣ ва сипас маросими таҳлифи ӯ дар маҷлиси Эрон баргузор мешавад.
Пас аз баргузории ин ду маросим оқои Рӯҳонӣ бояд кобинаи пешниҳодиашро ба маҷлис муъаррифӣ кунад ва маҷлис ду ҳафта фурсат дорад феҳристи пешниҳодии оқои Рӯҳониро баррасӣ кунад.
Оқои Рӯҳонӣ дар бахши дигаре аз суханронии худ аз ҳузури мардум дар саҳнаи интихобот ташаккур кард ва гуфт, ки раъйи мардум дар интихобот ба эътидолгароӣ ва мухолифат бо ифрот ва тафрит будааст.
Ӯ гуфт: “Ин интихобот тамоми шубҳаҳо, саволҳо ва бигу-магуҳоро дар бораи интихобот, балки дар хусуси машруъияти низом посух дод ва дар воқеъ оби зулоле буд, ки оинаи ҷумҳурии исломиро, ки гарду ғуборе бар он фуру нишаста буд, шаффоф ва покиза кард.”
Оқои Рӯҳонӣ дар хусуси шодиҳои хиёбонии мардум дар Эрон пас аз интихоботи раёсати ҷумҳури ва роҳёбии тими футболи Эрон ба Ҷоми Брозил ва ҳамчунин рафтор бо ҷавонон гуфт: “Ҳама писарҳо ва духтарҳоро, писарон ва духтарони худ бидонем. Ҳатто агар бо онҳо ҳарф мезанем, тавре бошад, ки фикр кунем фарзандони худамон ҳастанд, албата ҷомеъа ниёз ба тазаккур дорад, аммо дар канори он бояд иззати мардум ҳифз шавад, ба иззати мардум набояд иҳонат шавад.”
“Таҳқири мардум қобили қабул нест, тазаккур қобили қабул аст. Дар ин шодиҳо ҳама ин мавридро муроъот карданд, умедворем ин шодиҳо идомадор бошад ва шароит барои шодмонии мардум фароҳам шавад.”
Ӯ дар идомаи сӯҳбатҳояш дар ин замина гуфт: “Аз расонаи миллӣ ва нерӯи интизомӣ ташаккур мекунам, ки остонаи таҳаммулро боло бурданд. Шодӣ ва нишот ҳаққи мардум аст. Хеле сахтгирӣ накунем. Мардум худашон ахлоқмадор ҳастанд. Мардуми мо чорчубҳои ахлоқӣ ва исломиро медонанд ва ҳавосашон ҷамъ аст.”
Оқои Рӯҳонӣ бо таваҷҷӯҳ ба муносибати ин ҳамоиш, ки бо ҳузури мудирон ва коркунони Садо ва Симо баргузор шуд дар бахше аз суханонаш ба амалкарди Садо ва Симо пардохт ва гуфт, ки эътимоди мухотаб, болотарин сармояи як расона аст.
Ӯ бо ишора ба ин ки расона бояд бо мухотаб робитаи дусӯя барқарор кунад, гуфт: “Сабади расонаии мардум имрӯз такрасонаӣ нест, бо таваҷҷӯҳ ба ин масъала бояд барномарезӣ кунем. Рақобати расонаӣ аз ҳитаи давлатҳо ва ҳукуматҳо фаротар рафтааст.”
Ҳангоми суханронии оқои Рӯҳонӣ дар Садо ва Симо Иброҳим Раисӣ, муъовини аввали Қувваи Қазоия, Иззатуллоҳ Зарғомӣ, раиси созмони Садо ва Симо ва Ҳусейн Фарид (Рӯҳонӣ), бародари оқои Рӯҳонӣ аз ҷумлаи ҳозирон дар солуни ҳамоиш буданд.
