Рӯҳонӣ бар тавсеъаи равобити Эрон бо Тоҷикистон таъкид кард

  • 20 Июл, 2013
Рӯҳонӣ
Image caption Оқои Рӯҳонӣ, ки аз усулгароёни муътадил ба шумор меравад, дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 14 июн дар Эрон баранда шуд

Дуктур Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури мунтахаби Эрон, гуфтааст, ки дар замони раёсаташ равобит бо Тоҷикистонро тавсеъа хоҳад бахшид.

Оқои Рӯҳонӣ дар посух ба паёми шодбоши Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муносибати пирӯзияш дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон, бар зарурати густариши бештари равобит бо ин "кишвари ҳамзабон" таъкид кардааст.

Шабакаи инглисизабони "Прес Ти-Вӣ" аз қавли оқои Рӯҳонӣ овардааст: "Равобит бо Тоҷикистон барои давлат ва миллати Эрон ҳамеша аз аҳаммияти вижае бархурдор буда ва реша дар фарҳангу русум, суннатҳо ва забони муштараки ду кишвар дорад."

Ӯ изофа кардааст: "Ин пайвандҳо ояндае рӯшантар аз имрӯз барои густариши равобити ҳамаҷониба байни Эрону Тоҷикистонро замонат медиҳад."

Ҳасани Рӯҳонӣ дар интибохоти раёсати ҷумҳурии Эрон, ки 14 июн баргузор шуд, бо касби 50,7 дарсади орои умумӣ бар рақибони худ пирӯз шуд. Дар ин интихобот беш аз 50 милюн нафар аз мардуми Эрон, ки беш аз 72 дарсади ҷамъияти воҷиди шароити раъйро ташкил медҳанд, ширкат доштанд.

Оқои Рӯҳонӣ, ки аз усулгароёни муътадил дар арсаи сиёсии Эрон маҳсуб мешавад, ҳамакнун намояндаи раҳбари Эрон, Оятуллоҳ Алии Хоминаӣ, дар Шӯрои олии амнияти миллии Эрон аст.

Вай ҳамчунин аз аъзои Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низом ва Маҷлиси хубрагон аст. Раёсати Маркази мутолеъоти роҳбурдӣ, як ниҳоди вобаста ба Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низомро низ бар уҳда дорад.

Ҳасани Рӯҳонӣ таҳсилкардаи ҳавзаи илмияи Қум аст ва мадраки дуктурои худро дар риштаи ҳуқуқи асосӣ аз Донишгоҳи Кледуниёни Глоскув дар Бритониё дарёфт кардааст.

Зимнан, Эрон нахустин кишварест, ки дар соли 1991 истиқлоли Тоҷикистон аз Иттиҳоди Шӯравиро ба расмият шинохта ва сафорати худро дар Душанбе таъсис додааст.

Тайи ду даҳаи ахир фарозу шебҳое дар равобити ин ду кишвар, ки забони муштараке бо ҳам доранд, мушоҳида шудааст. Давлати Эмомалӣ Раҳмон дар оғози замони ба қудрат расиданаш дар соли 1992 равобити чандон гарме бо Эрон надошт.

Эрон дар замони ҷанги дохилӣ аз мухолифони исломгарои оқои Раҳмон ҳимоят мекард. Вале пас аз имзои созишномаи сулҳ дар соли 1997 равобити ду кишвар рӯ ба беҳбудӣ ниҳод.

Тайи солҳои раёсати Маҳмуди Аҳмадинажод, Теҳрону Душанбе равобити наздиктаре доштанд ва Эрон сармояи ҳангуфте дар тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон гузоштааст. Президент Раҳмон дар ин даврон аз Эрон борҳо ба унвони шарике роҳбурдӣ барои кишвараш ном бурдааст.

Бо ин вуҷуд, нозирон мегӯянд, ки мушкилоте байни ду кишвар дар заминаҳои фарҳангӣ ва идеулужӣ вуҷуд дорад. Аз ҷумла, тарҳи таъсиси телевизиюни муштараки порсизабон, ки Маҳмуди Аҳмадинажод дар сафараш ба Душанбе дар соли 2006 эълом карда буд, то ба ҳол иҷро нашудааст.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки ихтилофи назари ду ҷониб бар сари либос ва наҳваи зоҳир шудани муҷриёни зан дар телевизиюн ва намоиши барномаҳои рақсу мусиқӣ аз мавонеъи аслӣ дар заминаи роҳандозии ин телевизиюн аст. Эрон дар ин замина муҳофизакортар маҳсуб мешавад.

Аз сӯйи дигар, мақомоти тоҷик то кунун ба дархости ҷониби Эрон дар мавриди таъсиси шӯъбаҳои чанде аз донишгоҳҳои эронӣ дар Тоҷикистон посухи мушаххасе надодаанд.

Дар моҳи январи соли 2011 мақомҳои амниятии Тоҷикистон аз сафари беш аз 100 муъаллими дабиристонҳои Тоҷикистон ба Эрон барои омӯзиши наҳваи тадриси хатти порсӣ монеъ шуда буданд.

Ҳамчунин, дар моҳи майи соли 2010 давлати Эрон пешниҳоди лағви раводид бо Тоҷикистонро карда буд, аммо мақомоти тоҷик ин пешниҳодро напазируфтанд.

Матолиби муртабит