Ҳасани Рӯҳонӣ пусти раёсати ҷумҳуриро ба уҳда мегирад

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии мунтахаби Эрон, имрӯз, шанбеи 12 мурдоди 1392 (3 августи 2013) бо танфизи (фиристодани) ҳукми раёсати ҷумҳурӣ тавассути Оятуллоҳ Хоминаӣ уҳдадори пусти раёсати қувваи муҷрия мешавад.
Тибқи банди 9-и асли 110-и Қонуни асосии Эрон, имзои ҳукми раёсати ҷумҳурӣ аз ҷумлаи вазоиф ва ихтиёроти раҳбари Эрон аст. Оқои Рӯҳонӣ чаҳорумин раиси ҷумҳурии Эрон дар давраи раҳбарии Оятуллоҳ Хоминаӣ аст.
Танфиз ё таъйиди ҳукми раёсати ҷумҳурӣ тавассути раҳбари Эрон пас аз интихоби мардум ва қабл аз маросими таҳлиф ё савганди раиси ҷумҳур сурат мегирад.
Маросими таҳлифи оқои Рӯҳонӣ фардо дар маҷлиси Эрон баргузор мешавад.
Бар асоси қонуни интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон, давраи раёсати ҷумҳурӣ чаҳор сол аст ва аз таърихи танфизи эътиборнома тавассути раҳбар оғоз мешавад.
Раиси ҷумҳурии Эрон пас аз маросими таҳлиф бояд вазирони пешниҳодии худро ба маҷлис муъаррифӣ кунад ва маҷлис ду ҳафта вақт дорад, то феҳристи вазирони пешниҳодиро баррасӣ кунад.
Пас аз он ҷаласаи раъйи эътимод ба вазирон дар саҳни маҷлис баргузор мешавад.
Ҳасани Рӯҳонӣ хостори поёни ихтилофоти сиёсӣ ва эҷоди замина барои нармиш ва тасоҳул (мудоро ва осон гирифтани ҳамдигар) дар фазои сиёсии Эрон шудааст.
Вай дар нахустин суханронии худ пас аз пирӯзӣ дар ёздаҳумин интихоботи раёсати ҷумҳурӣ гуфт, ки давлати ӯ ба ҳеч ҳизб ва ҷиноҳе таъаҳҳуде надода ва вомдори ҳеч ҷиноҳу ҳизбе нахоҳад буд.
Ӯ ҳамчунин гуфт, ки дар кобинааш афроди шоиста аз ҳамаи ҷиноҳҳо ва аҳзоб ба шарти доштани "эътидол ва миёнаравӣ" ҳузур хоҳанд дошт.
Ҳасани Рӯҳонӣ ҳамчунин дар ҷараёни муборизоти интихоботии худ ваъдаи поён бахшидан ба инзивои (гӯшагирии) байналмилалии Эронро дод.
Ӯ ду ҳафта қабл гуфт: "Паёми ин интихобот таъомул (муъомала бо якдигар) буд. Таъомул ҳам дар дохил ва ҳам бо ҷаҳон. Мо бо ҳифзи усуламон бояд бо дунё таъомул кунем."
Эрон дар даврони ҳаштсолаи раёсати ҷумҳурии Маҳмуди Аҳмадинажод ҳадафи таҳримҳои шадидтари байналмилалӣ қарор гирифт.
Оқои Рӯҳонӣ, ки пештар аз музокиракунандагони ҳастаии Эрон буд, дар даври аввали интихоботи раёсати ҷумҳурӣ (рӯзи 24 хурдод) бо касби аксарияти оро ба унвони ҳафтумин раиси ҷумҳурии Эрон интихоб шуд.
