Нахустин мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ҳасани Рӯҳонӣ

Руасои ҷумҳурии Тоҷикистону Эрон зимни як дидор хостори тавсеъаи бештари ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисодӣ, тиҷорат, энержӣ ва сармоягузорӣ миёни ин ду кишвар шудаанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи якшанбеи 4 август, дар маросими адои савганди Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури тозаинтихоби ин кишвар ширкат дошт, дар ҳошияи ин сафар бо оқои Рӯҳонӣ дидор кардааст.
Дар ин маросим намояндагони ҳукумати Эрон ва меҳмонон аз ҳудуди 60 кишвари хориҷӣ, аз ҷумла, Афғонистон, Қазоқистон, Арманистон, Покистон ва Лубнон ҳузур доштанд.
Бино ба иттилоъи дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқоти оқоён Раҳмон ва Рӯҳонӣ ҷонибҳо дар канори баррасии ҳамкориҳои дуҷонибаи ду кишвар ба зарурати иҷрои тарҳҳои минтақавӣ, назири бунёди роҳи оҳан, эҳдоси лӯлаҳои оби ошомиданӣ, нафт ва хатти интиқоли нерӯи барқ таъкид кардаанд.
Ҳамчунин, руасои ҷумҳурии Эрону Тоҷикистон масоили амнияти минтақаӣ, вазъи кунунӣ ва ояндаи Афғонистон дар пайи хуруҷи нерӯҳои НОТУ аз ин кишвар дар соли 2014-ро баррасӣ кардаанд.
Президент Раҳмон аз Ҳасани Рӯҳонӣ даъват карда, то бо дидори расмӣ ба Тоҷикистон сафар кунад. Оқои Рӯҳонӣ бо пазируфтани ин даъват гуфтааст, дар наздиктарин фурсат аз Тоҷикистон дидан хоҳад кард.
Феълан дар Тоҷикистон беш аз 150 ширкати эронӣ фаъъолият карда ва вуруди сармояи мустақими Эрон ба Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш гузориш шудааст.
Тунели "Истиқлол" ва нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" аз тарҳҳои умдаи Эрон аст, ки мунтаносибан бо сармояҳои 40 милюн дулор ва 180 милюн дулор сармояи Эрон эҳдос шудаанд.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд дар соли гузашта табодули коло миёни Тоҷикистон ва Эрон болиғ бар 200 милюн дулор буда ва Эрон аз ҳамкорони умда дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Тоҷикистон ба навбаи худ дар баҳсҳои ҳастаии Эрон бо кишварҳои Ғарб аз мавзеъи ин кишвар пуштибонӣ карда ва ба ҳаққи Эрон будани иҷрои барномаи ҳастаӣ барои мақосиби сулҳомез таъкид доштааст.
