Маҷлиси намояндагони Омрико тарҳи ташдиди таҳримҳои Эронро ба тасвиб расонд

Маҷлиси намояндагони Омрико тарҳи ташдиди таҳримҳо алайҳи Эронро ба тасвиб расонд.
400 намоянда раъйи мувофиқ ба ин тарҳ доданд ва 20 нафар мухолифи тасвиби он буданд.
Бар асоси ин тарҳ, Омрико харидорони нафти Эронро водор мекунад тай як сол аз маҷмӯъи воридоти нафти худ рӯзона як милюн бушка бикоҳанд.
Ин иқдоми маҷлиси намояндагон танҳо чанд рӯз пеш аз оғози давраи раёсати ҷумҳурии Ҳасани Рӯҳонӣ сурат мегирад.
Ин тарҳ ҳанӯз бояд ба тасвиби сенои Омрико расида ва ба имзои Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, низ бирасад.
