Ройзанӣ дар кунгреи Омрико барои 'таҳрими комили' нафти Эрон

Бинобар гузоришҳо гурӯҳе аз қонунгузорон ва таҳлилгарони омрикоӣ дар пайи мамнӯъияти комили хариди нафти хом ва гоз аз Эрон ҳастанд. Ин тарҳ интиқоди гурӯҳе аз иқтисоддонон ва мақомоти давлати Убоморо барангехтааст.
Рӯзномаи омрикоии "Вошингтун пуст" рӯзи сешанбеи 14 май гузориш карда, ки тарафдорони ин тарҳ муътақиданд дар ҳоли ҳозир бозори ҷаҳонӣ омодаи таҳрими комили нафти хом ва гози Эрон аст.
Онон мегӯянд афзоиши тавлиди нафту гоз дар Ховари Миёна, Омрико ва Конодо боъис шудааст, ки қатъи комили хариди нафту гоз аз Эрон "имконпазир" шавад.
Ин тарҳ интиқоди бархе иқтисоддонон ва мақомоти давлати Убоморо барангехтааст.
Мухолифон мегӯянд чунин иқдоме метавонад бозори нафти ҷаҳонро ба ҳам бирезад, байни Омрико ва муттаҳидонаш фосила андозад ва қимати ҷаҳонии энержиро афзоиш диҳад.
Бо ин ҳол, яке аз муъовинони аршади сенои Омрико, ки аз ҳомиёни ин пешниҳод аст, ба "Вошингтун пуст" гуфта, ки ин пешниҳод "алоқаи шадиди" ҳар ду ҳизби ҷумҳурихоҳ ва демукротро дар Омрико ҷалб кардааст.
Ӯ, ки хоста номаш фош нашавад, гуфтааст: "Агар ба фикри иқдомоте ҳастем, ки воқеъан ба иқтисоди Эрон зарба мезананд, қатъи дастарасии нафти Эрон ба бозори ҷаҳонӣ дар садри феҳрист қарор дорад."
Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Урупо маҷмӯъае аз таҳримҳои сангинро бо ҳадафи костан аз даромадҳои нафтии Эрон ба иҷро гузоштаанд.
Ин таҳримҳо дастрасии Эронро ба низоми молии байналмилалӣ башиддат маҳдуд карда ва ба коҳиши 40-дарсадии даромадҳои нафтии ин кишвар тайи соли гузашта мунҷар шудааст.
Ғарб бо ибрози нигаронӣ аз дастёбии Эрон ба таслиҳоти ҳастаӣ, умедвор аст, ки фишорҳои ношӣ аз таҳримҳои эъмолшуда алайҳи Эрон ин кишварро ба таваққуфи фаъъолиятҳои ҳастаӣ тарғиб кунад.
Дар сӯйи дигар Эрон ҳамвора бар сулҳомез будани фаъъолиятҳои ҳастаии худ таъкид кардааст.
Вазири хориҷаи Омрико: Шитоб накунед
Дар миёни касоне ки ба дунболи қатъи комили хариди нафту гоз аз Эрон ҳастанд, номи сенотур Роберт Менандуз, раиси кумитаи равобити хориҷӣ ва сенотур Морк Крек, аз аъзои кумиссиюни тахсиси будҷети маҷлиси сено ҳам ба чашм мехӯрад.
Сенотур Крек дар ҳамин ҳол ҳомии тарҳест, ки дар сурати тасвиб боъиси ҷилавгирӣ аз дастрасии Эрон ба 60 то 100 милёрд дулор супурдаи арзии ин кишвар дар бонкҳои ҷаҳон хоҳад шуд.
Пешниҳодҳои ахир ба кунгреи Омрико барои ташдиди таҳримҳо алайҳи Эрон дар ҳоле дар пеш аст, ки дар ҳафтаҳои гузашта Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи кишвар, аз кунгре хоста буд дар тасвиби таҳримҳои ҷадид алайҳи Эрон шитоб накунад.
Оқои Керрӣ дар ҷаласаи кумитаи равобити хориҷии маҷлиси сено таъкид карда буд, ки ду моҳ то баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Эрон боқӣ аст ва авзоъ дар ин кишвар мушаххас нест.
Ин таҳримҳои ҷадид дар айни ҳол дар таззоди тавсияҳои ахири гурӯҳе аз диплумотҳо ва мақомоти давлатии аршади собиқи Омрико дар бораи Эрон аст.
Ин 35 нафар дар гузорише, ки ҳудуди як моҳ пеш мунташир карданд, гуфтанд, ки таҳримҳои Омрико алайҳи Эрон муваффақ ба тағйири рафтори Теҳрон нашудааст.
Дар ин гузориш ишора шудааст, ки бархе аз мунтақидон мегӯянд ба назар мерасад ҳадаф аз ин таҳримҳо бештар зарба задан ба мардуми Эрон будааст, то тағйири сиёсати ҳастаии Теҳрон.
Ин гурӯҳ дар бораи ин ки фишорҳо битавонад батанҳоӣ тасмимоти ҳукумати Эронро тағйир диҳад, ибрози тардид карда буд.
