Сенои Омрико дар пайи мамонеъат аз дастрасии Эрон ба "милиёрдҳо дулор"

Гурӯҳе аз намояндагони сенои Омрико таррҳеро ироа кардаанд, ки дар сурати тасвиб боъиси ҷилавгирӣ аз дастрасии Эрон ба "милиёрдҳо дулор" супурдаи арзии ин кишвар дар бонкҳои ҷаҳон хоҳад шуд.
Ҳадафи ин гурӯҳ ташдиди фишорҳо бар Эрон дар бораи барномаи ҳастаиаш аст.
Ин тарҳ қарор аст боъиси ҷилавгирӣ аз дастрасии Эрон ба захоири арзиаш дар бонкҳои кишварҳои мухталиф шавад.
Ин супурдаҳо умдатан юру ҳастанд.
Намояндагон мегӯянд Эрон бо дастрасӣ ба ин захоир таҳримҳои нафтии Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Урупо давр мезанад.
Ба гуфтаи қонунгузорони омрикоӣ, ин супурдаҳо муъодили "60 то 100 милёрд дулор" арзиш доранд.
Тибқи гузоришҳо Эрон ин супурдаҳоро, ки ҳосили чанд даҳа фурӯши нафт аст ба пули маҳаллии кишварҳои мизбони ин бонкҳо табдил мекунад.
Амре, ки боъис мешавад битавонад воридоти кишварро мумкин карда ва ба будҷаи солона субот диҳад.
Ду намояндаи демукрот ва ҷумҳурихоҳи кунгреи Омрико, Ҷу Мончин ва Морк Крек ба ҳамроҳи се намояндаи дигар ин тарҳро унвон кардаанд.
Иттиҳодияи Урупо низ ҳамонанди Иёлоти Муттаҳида маҷмӯъае аз таҳримҳои сангинро бо ҳадафи костан аз даромадҳои нафтии Эрон ба иҷро гузоштааст.
Ин таҳримҳо дастрасии Эронро ба низоми молии байналмилалӣ башиддат маҳдуд кардааст.
Ғарб бо ибрози нигаронӣ аз дастёбии Эрон ба таслиҳоти ҳастаӣ умедвор аст, ки фишорҳои ношӣ аз таҳримҳои эъмолшуда алайҳи Эрон ин кишварро ба таваққуфи фаъъолиятҳои ҳастаӣ тарғиб кунад.
Эрон ҳамвора бар сулҳомез будани фаъъолиятҳои ҳастаии худ таъкид кардааст.
Керрӣ: Шитоб накунед
Тарҳи ахир дар ҳоле ба сенои Омрико пешниҳод шудааст, ки дар ҳафтаҳои гузашта Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи ин кишвар, аз аъзои кунгре хоста буд дар тасвиби таҳримҳои ҷадид алайҳи Эрон шитоб накунанд.
Оқои Керрӣ дар ҷаласаи кумитаи равобити холриҷии маҷлиси сено таъкид карда буд, ки ду моҳ то баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон боқӣ аст ва авзоъ дар ин кишвар мушаххас нест.
Пешниҳоддиҳандагони тарҳ мегӯянд бо тасвиби чунин тарҳе муассисоти молии ҷаҳон бояд ҳар гуна табдили арзӣ аз сӯйи бонкҳо ва ниҳодҳои таҳримшудаи Эронро мутаваққиф кунанд, дар айни ин сурат мумкин аст бозори молии Омрикоро аз даст бидиҳанд.
Морк Дубувитс, раиси "Бунёди дифоъ аз демукросӣ", ки ҳомии таҳримҳои сахттар алайҳи Эрон аст, мегӯяд тасвиби ин тарҳи ҷадид метавонад қонунгузорони урупоиро водор кунад, ки ба саҳми худ барои қатъи дастрасии Эрон ба юруҳои худ иқдом кунанд.
Интизор меравад ин тарҳ дар моҳи ҷории мелодӣ баррасӣ шавад.
Дар сурати тасвиб ин тарҳ мубодилотеро шомил хоҳад шуд, ки аз 9 май анҷом гирифтаанд.
