Омрико: Қарордодҳои таслиҳотӣ дар минтақа паёми рӯшане ба Эрон аст

Чок Ҳегел, вазири дифоъи Омрико, ки ба Исроил сафар карда, қарордоди 10 миллиёрддулории он кишвар бо муттаҳидони араб ва исроилии Вошингтунро "паёми бисёр рӯшане" ба Эрон дониста, ки нишон медиҳад истифода аз гузинаи низомӣ дар муқобили барномаи ҳастаии он кишвар мунтафӣ нест.
Оқои Ҳегел, ки дар аввалин марҳала аз сафари якҳафтаии худ ба Ховари Миёна имрӯз вориди Исроил шуд, афзуд: "Дар ниҳоят Эрон як таҳдид аст, як таҳдиди воқеъӣ."
Ӯ дар ҷараёни аввалин сафараш ба Исроил аз замони тасаддии пусти вазорати дифоъи Омрико ҳамчунин гуфт: "Бояд аз дастёбии Эрон ба таслиҳоти ҳастаӣ ҷилавгирӣ кард."
Оқои Ҳегел дар бораи ахбори мунташира дар расонаҳои Исроил, ки гуфтаанд Исроил эҳтимолан маҷбур ба ҳамла ба Эрон хоҳад шуд, гуфт, ки ҳар миллати мустақиле ҳақ дорад аз тамомияти арзии худ дифоъ кунад."
Вазири дифоъи Омрико афзуд: "Эрон бо барномаи ҳастаии худ таҳдиде ба шумор меравад ва Исроил ҳам тасмимотеро, ки барои дифоъ аз худ зарурӣ медонад, иттихоз хоҳад кард."
Аммо оқои Ҳегел дар айни ҳол афзуд Омрико ва соири қудратҳои ҷаҳонӣ муътақиданд, ки ҳанӯз барои димплумосӣ ва таҳримҳои байналмилалии шадид барои ин ки дар ин маврид таъсиргузор бошанд, роҳ боз аст.
Ӯ таъкид кард: "Гузинаи низомӣ гузинае аст, ки ҳамчунон рӯйи миз аст, аммо фикр намекунам бисёре аз мо муътақидем, ки ба гузинаҳои низомӣ бояд ба унвони охирин гузина нигоҳ кард."
Ин сафар дар ҳоле сурат гирифта, ки рӯзи пеш вазорати дифоъи Омрико, Пентогун аз ниҳоӣ шудани тавофуқи таслиҳотӣ бо Исроил, Арабистони Саъудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ хабар дод.
Тавофуқе, ки ба гуфтаи Пентогун бо ҳадафи тақвияти низомии ин кишварҳо анҷом шудааст.
Бар асоси ин тавофуқ Омрико ба фурӯши ҳавопаймоҳои КС-135 ва ҳавопаймоҳои V-22 Оспрей ба Исроил ва ҳамчунин 25 ҷангандаи F-16 ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ мутаъаҳҳид шудааст.
Ба ду кишвари Арабистони Саъудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳамчунон иҷозаи хариди таслиҳотӣ дода шуда, ки ба гуфтаи мақомоти вазорати дифоъи Омрико то кунун ин кишварҳо аз онҳо бархурдор набудаанд ва ба ин кишварҳо имкони бархурд бо душман дар масофатҳои дурро медиҳад.
Оқои Ҳегел бо ишора ба қарордодҳои таслиҳотии ахири Омрико бо Исроил гуфт, ки ин тавофуқот нишондиҳандаи тадовуми сиёсатҳои Омрико мабнӣ бар "ҳифзи бартарии низомии" Исроил дар минтақа аст.
Вазири дифоъи Омрико дар бораи аҳдофаш аз сафар ба Исроил гуфт, ки бо ин сафар қасд дошта нишон диҳад, ки "Омрико ба ҳифзи амнияти Исроил пойбанд аст."
Қарор аст оқои Ҳегел пас аз Исроил аз Миср, Урдун, Арабистони Саъудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дидор кунад.
Сафари ӯ ба минтақа дар ҳоле сурат мегирад, ки нигарониҳо дар мавриди суботи минтақа ба далели барномаи ҳастаии Эрон, ҷанги долхилии Сурия ва авзоъи Миср пас аз интиқоли қудрат ба давлате ғайринизомӣ афзоиш ёфтааст.
