Сухангӯйи вазорати хориҷаи Эрон: Афзоиши таҳрим роҳи ҳалли мавзӯъи ҳастаӣ нест

  • 1 Август, 2013

Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломӣ нисбат ба мусаввабаи кунгреи Омрико барои ташдиди таҳрими Эрон вокуниш нишон додааст.

Рӯзи панҷшанбеи 1 август, воҳиди марказии Хабар, вобаста ба Созмони родию ва телевизиюни Ҷумҳурии Исломӣ, изҳороти Аббос Ироқчӣ, сухангӯйи вазорати умури хориҷаро мунташир кард, ки дар он тасвиби тарҳи Маҷлиси намояндагони Омрико барои таҳрими шадидтари нафтии Эронро мавриди интиқод қарор дода ва гуфтааст: "Тардид надорем, ки таҳрим як сиёсати шикастхӯрдае аст."

Шомгоҳи гузашта, Маҷлиси намояндагони Омрико ба манзури водор кардани давлати Ҷумҳурии Исломӣ ба бознигарии сиёсати ҳастаии худ тарҳеро тасвиб кард, ки дар сурати иҷроӣ шудан, содироти нафти Эронро ба мизони қобили таваҷҷуҳе коҳиш хоҳад дод.

Бо вуҷуди ин ки тарҳи ҷадиди Маҷлиси намояндагон соъоте пештар ба тасвиб расида буд, оқои Ироқчӣ мусаввабаи маҷлиси намояндагонро мавзӯъи ҷадиде надониста ва гуфтааст "ин таҳримҳо идомаи таҳримҳои қаблӣ аст ва таҳримҳое, ки тасмимгирӣ дар бораи онҳо тақрибан аз 6 моҳ пеш ба ин тараф иттихоз шуда буд, вале таърихи иҷрои онҳо аввал, дувум, ва севуми июл буд." Вай афзудааст: "Ин тавр нест, ки алон таҳрими ҷадиде барқарор карда бошанд."