Эрон: Пешниҳодҳои ҷомеъи худро ба 5+1 ироа кардем

Тозатарин даври музокироти Эрон ва Гурӯҳи 5+1 бар сари барномаҳои ҳастаии Эрон ки соъати 10:30 ба вақти маҳаллӣ (5 ба вақти Гринвич) дар Олмотӣ дар Қазоқистон оғоз шуда буд, барои сарфи ноҳор ва истироҳат поён ёфт.
Касро Ноҷӣ, хабарнигори бахши форсии Би-би-сӣ, ки барои пӯшиши ин музокирот дар Олмотӣ ба сар мебарад, мегӯяд бо поён ёфтани даври нахусти ин музокирот, аъзои ҳайъати эронӣ барои ҳузур дар намози ҷумъа ба бузургтарин масҷиди Олмотӣ рафтаанд.
Ҳанӯз гузорише аз ҷузъиёти ин нишаст дар даст нест. Ин дувумин боре аст, ки музокироти ҳастаии Эрон дар Қазроқистон баргузор мешавад.
Мойкл Мон, сухангӯйи Котрин Аштун, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо, пас аз оғози нишаст ба хабарнигорон гуфт, ки интизор меравад Эрон ба пешниҳодҳои ироашуда аз сӯйи 5+1 дар музокироти қаблии Олмотӣ ва Истонбул посухи мусбат диҳад.
Ба гузориши хабаргузории Ҷумҳурии Исломӣ, ИРНО, Аббос Ироқчӣ, муъовини Осиё ва Уқёнусияи вазорати умури хориҷа ва Алӣ Боқирӣ, муъовини сиёсати хориҷӣ ва амнияти байналмилали дабири шӯрои олии амнияти миллии Эрон, аз ҷумлаи ҳамроҳони оқои Ҷалилӣ дар ин давр аз музокирот ҳастанд.
Касро Ноҷӣ мегӯяд, ки Меҳдии Сафарӣ, сафири феълии Эрон дар Пекин ва сафири собиқи Эрон дар Маскав низ ҷузви тими музокиракунанда аст.
Музокироти Эрон бо кишварҳои Русия, Омрико, Бритониё, Чин, Фаронса ва Олмон то фардо (шанбе, 17 фарвардин\6 апрел) дар Қазоқистон идома хоҳад ёфт.
Саъид Ҷалилӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллӣ ва сарпарасти тими музокиракунандаи Эрон пеш аз оғози ин музокирот гуфта буд, ки Эрон дар Олмотӣ бар ҳаққи худ мабнӣ бар ғанисозии урониюм пофишорӣ хоҳад кард.
Кишварҳои ғарбӣ бавижа Омрико муътақиданд, ки Эрон бо ғанисозии урониюм бо ғализии боло дар садади дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ аст; иддаъое, ки Эрон ҳамвора онро рад карда ва гуфта, ки барномаҳои ҳастаиаш сирфан корбурди сулҳомез дорад.
Оқои Ҷалилӣ пеш аз нишаст дар Олмотӣ гуфта буд: "Мо бовар дорем музокироти рӯзи ҷумъа (5 апрел) танҳо бо як ҳарф метвонад пеш биравад. Он як ҳарф пазириши ҳаққи Эрон бавижа барои ғанисозии урониюм аст."
Музокироти ҳастаӣ исфандмоҳи гузашта дар ҳамин шаҳр сурат гирифт. Дар он музокирот қудратҳои ҷаҳонӣ кӯшиданд Эронро мутақоъид кунанд ғанисозии бистдарсадии урониюмро мутаваққиф кунад ва он чи то кунун бо ин дараҷа ғанӣ карда ба хориҷ мунтақил намояд.
Ҳамчунин кишварҳои ёдшуда, ки Гурӯҳи панҷ ба иловаи як хонда мешавад, аз Эрон хостанд фаъъолиятҳои ҳастаӣ дар таъсисоти Фурду, дар наздикии шаҳри Қумро таътил кунад.
Онҳо ба Эрон ваъда доданд дар баробари ин иқдомот бахше аз таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи ин кишвар лағв шавад.
Эрон ва Гурӯҳи 5+1 пеш аз ин ҳашт давра музокира кардаанд. Се давра дар Женев, ду давра дар Истонбул, як давра дар Бағдод, як давра дар Маскав ва як давра низ дар Олмотӣ.
Тирмоҳи 1387, меҳрмоҳи 1388, озармоҳи 1389 ба тартиб музокироти Женеви як, ду ва се баргузор шуд ва Истонбул низ ду бор ба тартиб дар баҳмани 1389 ва фарвардинмоҳи 1391 мизбони ду даври баъдии гуфтугӯҳо буд. Баъд аз он Эрон ва Гурӯҳи 5+1 дар авоили хурдодмоҳи 1391 дар Дорулзиёфаи Бағдод, дар 29 хурдод дар Маскав ва ҳаштуму нуҳуми исфанд дар Олмотӣ музокира карданд.
.
