Раиси Созмони энержии атумии замони шоҳ: Эрон бояд муқовимат кунад

Акбар Эътимод, нахустин раиси Созмони энержии атумии Эрон мегӯяд, ки мақомоти Эрон бояд дар муқобили таҳримҳо ва фишори кишварҳои ғарбӣ муқовимат кунанд ва таслим нашаванд.
Оқои Эътимод дар мусоҳиба бо Зубайда Малик, хабарнигори шабакаи чаҳори родиюи Би-би-сӣ гуфт, ки агар шоҳ дар қудрат боқӣ монда буд, шояд ӯ ҳам барои сохти силоҳи атумӣ талош мекард.
Ӯ дар мавриди ҳимояти давлати Омрико аз нахустин талошҳои Эрон барои сохти як нерӯгоҳи атумӣ гуфт: "Онҳо аввал ҳимоят мекарданд... аммо каме баъд хостанд назароти худашонро ба Эрон таҳмил кунанд ва ман зери бори онҳо нарафтам. Мо чаҳор сол барои расидан ба тавофуқе дуҷониба музокира кардем ва ҳаргиз ба натиҷа нарасидем."
Чӣ ҷур шароите мехостанд таҳмил кунанд?
Мегуфтанд, ки агар ба мо реоктур ё сӯхт бидиҳанд, ҳар коре ки хостем бо боқимондаи сӯхти масрафшуда бикунем, бояд бо иҷозаи омрикоиҳо бошад.
Ҳиҷ вақт ба таври хусусӣ ба шумо дар мавриди нигаронии кишварҳои ҳамсояи Эрон, ки эҳтимолан намехостанд Эрон барномаи атумӣ дошта бошад, чизе нагуфтанд?
Мегуфтанд, ки бо Эрон мушкиле надоранд, аммо мехоҳанд шароити худашонро дар мавриди Эрон эъмол кунанд то битавонанд дар мавриди кишварҳои дигар ҳам онҳоро эъмол кунанд. Гуфтам ман ин ҷо нестам, ки мушкилоти шуморо ҳал кунам. Ин мушкили шумо аст, мушкили ман нест.
Агар шоҳ дар қудрат монда буд, фикр мекунед тасмим ба сохти бумби атумӣ мегирифт?
Шоҳ ақида дошт, ки ба андозаи кофӣ дар минтақа қудратманд аст ва метавонад аз манофеъи мо дар минтақа дифоъ кунад, банобар ин ниёзе ба бумби атумӣ надорад. Аммо ба ман гуфт, ки агар ин вазъият тағйир кунад, маҷбур хоҳем буд барои сохти бумби атумӣ иқдом кунем. Бале ин назарро дошт. Дар он замон маъмурияти ман ин буд, ки ҳамаи текнулужиҳои мумкин дар заминаи атумиро ба даст биёварам. Мегуфтем шояд дар оянда лозим шавад.
Яъне вақте шумо масъули барномаи атумии Эрон будед, ин эҳтимолро дар назар доштед ва касонеро маъмури таҳқиқ дар мавридаш карда будед?
Бале, дақиқан
Баъд аз инқилоб чӣ шуд?
Воқеъият ин аст ки дар ибтидо ба ҳама чиз шак доштанд ва нигарони корҳои Омрико буданд. Инқилобиҳо фикр мекарданд, ки текнулужии ҳастаӣ яке аз токтикҳои Омрико барои дастандозӣ ба Эрон аст. Аммо баъдан мутаваҷҷеҳ шуданд, ки барномаи атумӣ як барномаи муваффақ буда ва бояд идома пайдо кунад ва шуруъ карданд ба идома додани он.
(Оқои Эътимод аз сӣ сол аст ки дар Порис зиндагӣ мекунад. Ӯ ба ёд меоварад, ки саддом Ҳусайн, диктотури собиқи Ироқ ӯро тарғиб кард, ки ба Ироқ биравад, аммо ӯ қабул накард.)
Саддом Ҳусайн хеле талош кард, ки маро ба Ироқ бибарад, пайғом дод ва сафирашро ба диданам фиристод. Ҳиҷвақт ба забон наёвард, аммо эҳтимолан мехост маро ба Ироқ бубарад, ки онҷо барномаи атумӣ дуруст кунам. Ба ӯ гуфтам то вақте бо мардуми ман меҷангӣ, душмани мардуми ман ҳастӣ ва нахоҳам омад. Хеле кишварҳи дигар ҳам аз ман даъват карданд, аммо қабул накардам. Дар Порис мондам ва барои фаронсавиҳова олмониҳо кор кардам ва розӣ ҳастам.
(Акбар Эътимод дар Эрон мавриди эҳтиром аст ва падари барномаи атумии Эрон шинохта мешавад. Ӯ дар солҳои ахир чанд бор ба Эрон сафар кардааст. Ӯ муътақид аст, ки Эрон набояд ба фишорҳои Ғарб дар мавриди барномаи атумиаш тан диҳад.)
Эрон машғули таҳқиқоте аст, ки ҳаққи анҷоми онҳоро дорад. Намедонам чаро кишварҳои ғарбӣ ин таҳримҳоро алайҳи Эрон эъмол мекунанд ва фишор меоваранд. Чаро дар мавриди Ҳинд, Покистон ва Исроил чунин накарданд. Эрониҳо бояд дар баробари фишорҳо муқовимат кунанд ва ба кишварҳои ғарбӣ нишон бидиҳанд, ки метавонанд аз худашон ва аз манофеъашон дифоъ кунанд.
