"Ҳазинаи сангини барномаи атумии Эрон монеъи идомаи он нахоҳад шуд"

Ду муассисаи таҳқиқотии омрикоӣ гуфтаанд, ки Эрон алорағми ҳазинаи сангини барномаи ҳастаии худ аз ин барнома даст нахоҳад кашид.
Бунёди Корнегӣ барои сулҳ ва Федеросиюни донишварони Омрико дар як гузориши муштарак гуфтаанд, ки ин барнома фақат аз тариқи коҳиши даромади нафтӣ ва коҳиши сармоягузории хориҷӣ беш аз яксад миллиёрд дулор барои Эрон ҳазина доштааст.
Бо ин ҳол ин ду муассисаи таҳқиқотӣ дар гузориши худ мавсум ба "Сафари ҳастаии Эрон: Ҳазинаҳо ва рискҳо" гуфтаанд, ки барномаи Эронро наметавон бо бумб мутаваққиф кард ва танҳо роҳи сулҳомези нигаҳ доштани он идомаи диплумосӣ аст.
Дар ин гузориш омадааст, ки Эрон манобеъи маъдании урониюм ба мизони кофӣ барои худкифо шудан дар санъати энержии ҳастаӣ надорад ва соири манобеъи энержии худро низ тавсаъа надодааст.
Таҳиякунандагони ин гузориш ба унвони намуна гуфтаанд, ки нерӯгоҳи ҳастаии Бушеҳр танҳо ду дарсад аз ниёзи барқи Эронро таъмин хоҳад кард, дар ҳоле ки 15 дарсад аз барқи тавлидшуда дар Эрон ба далели қадимӣ будани хутути интиқоли барқ ба ҳадар меравад.
Эрон аз манобеъи густардаи нафт ва гоз бархурдор аст, аммо таҳримҳои Ғарб сабаби коҳиши ҷиддии баҳрабардорӣ аз ин манобеъ шудааст.
Дар ин гузориш ҳамчунин омадааст, ки Эрон дар мавриди истифода аз энержии хуршедӣ ва бодӣ ҳам иқдоме накардааст.
Бо ин ҳол ин ду муассисаи таҳқиқотӣ дар гузориши худ мегӯянд, ки Эрон амалан аз "ҳаққи ғанисозии" урониюм сарфи назар нахоҳад кард, бахусус ки бисёре аз кишварҳои дар ҳоли тавсаъа мисли Эрон ғанисозиро ҳаққи ҳама кишварҳо талаққӣ мекунанд.
Дар ин гузориш тавсия шудааст, ки агар Эрон худро амалан мутаъаҳҳид кунад, ки аз фаъъолиятҳои зарурӣ барои тавлиди силоҳи ҳастаӣ худдорӣ кунад, он кишвар бояд битавонад ғанисозии урониюмро дар ҳадди ками лозим барои барқ идома диҳад.
Тавсияи дигар ҳамкорӣ бо Эрон дар заминаи эмании ҳастаӣ ва ҳамчунин энержиҳои ҷойгузин аст то тарафайн аз бунбасти феълӣ хориҷ шаванд.
Эрон гуфтааст, ки барномаи таҳқиқотии он кишвар ҳамвора сулҳомез ва барои тавлиди барқ ва таҳияи родиюизутупҳои доруии мавриди ниёзи кишвар будааст.
Омрико ва бархе дигар кишварҳои ғарбӣ нисбат ба аҳдофи Эрон суизанн доранд ва мегӯянд, ки он кишвар ба дунболи тавлиди силоҳи ҳастаӣ аст. Омрико ва муттаҳидонаш аз Эрон хостаанд, ки ғанисозии урониюмро мутаваққиф кунад ва таҳримҳои сангине алайҳи он кишвар эъмол кардаанд.
Таҳримҳои Ғарб бар бахшҳои энержӣ, бонкдорӣ ва киштиронии Эрон таъсири густардае дошта ва содироти нафти он кишвар аз соли 2011 то кунун беш аз 50 дарсад коҳиш ёфтааст.
Қарор аст намояндагони давлатҳои Эрон ва панҷ узви Шурои Амнияти Созмони Милал ба изофаи Олмон (гурӯҳи масум ба 51) ба зудӣ дар Қазоқистон дар мавриди вазъияти кунунӣ музокира кунанд.
Музокироти қаблии намояндагони ин давлатҳо дар моҳи феврал ба натиҷае нарасид.
