Омрико "ба дунболи коҳиши зарродхонаҳои ҳастаӣ аст"

  • 19 Июн, 2013
Image caption Оқои Убомо пас аз нишаст бо раҳбарони узви гурӯҳи ҳашт ба Берлин рафтааст

Мақомоти расмии Омрико мегӯянд, ки Борок Убомо, раиси ҷумҳури он кишвар дар суханронии имрӯзи худ дар Берлин хоҳони коҳиши теъдоди зародхонаҳои ҳастаии Русия ва Омрико мешавад.

Гуфта шудааст, ки оқои Убомо пешниҳоди коҳиши як сеюми ин захоирро ироа хоҳад кард ва дар айни ҳол хоҳони коҳиши теъдоди кулоҳакҳои ҳастаӣ дар минтақаи Урупо низ хоҳад шуд.

Оқои Убомо имрӯз (чаҳоршанбе, 19 июн) дар Берлин бо Онгело Меркел, садри аъзами Олмон ҳам дидор кард.

Дар конфаронси матбуъотӣ пас аз ин дидор хонуми Меркел нисбат ба гузоришҳое, ки дар бораи иқдомҳои иттилоъотии Омрико барои раҳгирии умдаи иттилоъот мунташир шудаанд, ибрози нигаронӣ кард.

Ӯ гуфт, ки бо вуҷуди гуфтугӯ бо оқои Убомо ҳамчунон дар ин бора нигарониҳо дорад ва ду тараф бояд дар ин бора музокироти бештаре дошта бошанд.

Ҳар ду раҳбари Омрико ва Олмон гуфтанд, ки муътақиданд лозим аст байни амният ва ҳарими хусусии афрод ҳади фосили рӯшане вуҷуд дошта бошад.

Маҳдудиятҳо

Оқои Убомо ба дунболи нишаст бо раҳбарони кишварҳои узви гурӯҳи ҳашт ба Берлин рафтааст.

Мақомоти Омрико мегӯянд, ки оқои Убомо имрӯз хоҳони коҳиши сатҳи зародхонаҳои ҳастаии Омрико ва Русия ба ду савуми сутуҳе хоҳад шуд, ки дар паймони ҷадиди Исторт (Старт) дар соли 2010 мелодӣ бар сари он тавофуқ шудааст.

Дар чорчӯби паймони ҷадиди Исторт, ки Омрико ва Русия дар соли 2010 мелодӣ бар сари он тавофуқ карданд, ҳар як аз тарафҳо метавонад ҳади аксари 1550 кулоҳаки ҳастаӣ дошта бошад.

Гуфта мешавад, ки оқои Убомо мавзуъи коҳиши теъдоди таслиҳоти ҳастаии токтикӣ дар Урупоро низ матраҳ хоҳад кард, ҳарчанд ин иқдом дар гузашта мавриди эътирози Русия будааст.

Паймонҳое, ки то кунун бар сари онҳо тавофуқ шудааст, ин қабил таслиҳотро дар бар намегиранд.

Таъодули мунсифона

Онгело Меркел бо ишора ба гузоришҳое, ки аз иқдомҳои амниятии Омрико барои назорат ва раҳгирии иттилоъоти корбарони он-лайн мунташир шудаанд, гуфт ки интернет фурсатҳоро дар ихтиёри "душманони озодӣ" қарор додааст, вале "лозим аст ки таъодуле мунсифона дар ин бора барқарор шавад."

Бо ин ҳол оқои Убомо таъкид кард, ки бо анҷоми фаъолиятҳои назоратӣ 50 таҳдиди эҳтимолӣ шиносоӣ шудаанд ва зиндагии афроди бисёре ҳифз шудааст.

Оқои Убомо дар бораи даргириҳои Сурия низ гуфт, ки Омрико мутмаин аст, ки давлати Сурия дар ҷараёни даргириҳои 26-моҳа бо мухолифон аз таслиҳоти шимиёӣ истифода кардааст, бо ин ҳол ҳозир нашуд дар бораи кумакҳое, ки ба мухолифони давлат хоҳад шуд, изҳори назар кунад.

Интизор меравад, ки раисҷумҳури Омрико имрӯз дар суханронии худ ба равишҳои иртиқои демукросӣ, поён додан ба даргириҳо ва низ муқобала бо тағироти иқлимӣ ва таксири таслиҳоти ҳастаӣ низ бипардозад.

Пеш аз ин охирин суханронии оқои Убомо дар Берлин дар соли 2007 мелодӣ анҷом шуд, ки дар он ӯ ба "иштибоҳоти" Омрико ва ин ки мардуми афғон то чӣ ҳад ниёзманди "ҳимоят барои муқобала бо Толибон" ҳастанд, пардохт.

Матолиби муртабит