Раиси ҷумҳури Омрико инфиҷорҳои Бустунро теруристӣ хонд

  • 17 Апрел, 2013
Image caption Ҳар ду инфиҷор дар наздикии хатти поёни мусобиқа рӯй додааст

Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, бо маҳкум кардани ду бумбгузорӣ дар моротуни Бустун ин инфиҷорҳоро теруристӣ хонд.

Вай гуфт ин ҳамла дар наздики хатти поёни моротун “фаҷеъ”ва “буздилона” буда, вале ангеза ва муттаҳами ҳамла ҳанӯз мушаххас нест.

Се тан, аз ҷумла кӯдаке ҳаштсола дар ҷараёни инфиҷорҳои бумбҳо кушта шуданд ва беш аз 170 нафар захмӣ шуданд.

Эф-би-ой, ки маъмурияти таҳқиқ дар бораи ин инфиҷорҳоро бар уҳда дорад, гуфтааст “таҳдиди шинохташудаи дигаре” дар Бустун вуҷуд надорад.

Пизишкон мегӯянд тикаҳои фурӯрафтаи “мехмонанд”-ро аз бадани шуморе аз захмиҳо берун овардаанд. Ин буридаҳои филизӣ нишон медиҳанд бумбҳо ҳовии гулӯлаи инфиҷорӣ будаанд.

Image caption Теъдоди маҷрӯҳон то яксаду сӣ нафар гузориш шудаанд

Аз сочма ё мех барои афзоиши талафоти инсонии бумбҳои дастсоз истифода мешавад, зеро пас аз инфиҷор ин аҷсом дар атроф пароканда мешавад ва ба теъдоди бештаре аз ҳозирон дар маҳал осеб мерасонад.

Борок Убомо дар нахустин суханронии худ пас аз ҳодисаи рӯзи душанбе аз ишора ба ин ҳодиса ба унвони ҳамлаи теруристӣ парҳез кард; амре, ки боъис шуд бархе аз ӯ интиқод кунанд.

Раиси ҷумҳури Омрико рӯзи сешанбе таъкид кард "ҳар бор бумбе барои омоҷ гирифтани ғайринизомиёни бегуноҳ истифода шавад, амале теруристӣ рӯй додааст."

Вай афзуд ҳанӯз маълум нест фарде бадтинат пушти ин ҳамла буда ё як созмони дохилӣ ё хориҷӣ.

Борок Убомо дар айни ҳол гуфт ҳанӯз ангезаи ҳамла номушаххас аст ва "ҳама чиз ҷуз ин сирфан ҳадсу гумон аст". Раиси ҷумҳури Омрико таъкид кард: "Замон мебарад... вале мо касеро, ки ба шаҳрвандони мо осеб расонда, пайдо хоҳем кард ва ба дасти адолат хоҳем супурд"

Оқои Убомо аз хадамоти имдоди изтирорӣ ва мардумӣ, ки дар ҷараёни ин ҳамла ба осебдидагон ёрӣ карданд, тақдир кард ва гуфт "маруми Омрико тан ба тарс намедиҳанд"

Пулис мегӯяд касе дар иртибот бо ин ҳамла дар боздошт нест.

Дар пайи вуқӯъи инфиҷор давандагони захмиро ба чодарҳое мунтақил карданд, ки барои кумаки аввалияи пизишкӣ ба ширкаткунандагон дар моротун дар назар гирифта буданд.

Манобеъи пизишкӣ гузориш додаанд, ки теъдоде аз захмиҳои ин ҳодиса дучори нақси узв шудаанд.

Инфиҷори севумӣ ҳам дар китобхонаи Ҷон Кеннедӣ дар чандкилуметрии маҳалли воқеъа рӯй дода, аммо пулис мегӯяд ҳанӯз намедонад оё ин инфиҷор бо инфиҷорҳои хатти поёнии мусобиқаи дави моротун иртиботе доштааст ё на.

Image caption Теъдоде аз маҷрӯҳон ба чанд адвр амали ҷарроҳӣ эҳтиёҷ доранд

Ду инфиҷори аввал ҳудуди ду соъат баъд аз он рӯй дод, ки нафароти аввал аз хатти поён рад шуда буданд.

Дар моротунҳои бузург то соъатҳо баъд аз мушаххас шудани нафароти аввал ҳамчунон иддае ҳастанд, ки аз хатти поён мегузаранд ва ҷамъият ҳам барои ташвиқи онҳо дар канори хатти поён ҳузур доранд.

Ба дунболи вуқӯъи ин ду инфиҷор дар шаҳрҳои мухталифи Омрико, аз ҷумла Ню-Йурк ва Вошингтун ва Лус-Онҷелес, тадобири шадиди амниятӣ ба иҷро гузошта шуд.

Расонаҳои омрикоӣ ба нақл аз манобеъи худ аз мазнуне хабар доданд, ки шаҳрванди Арабистони Саъудӣ аст ва пулис аз ӯ дар бемористон бозҷӯӣ мекунад.

Дар як ҷаласаи хабарӣ, ки мақомҳои иёлати Мосочусет баргузор карданд, раиси пулиси Бустун ва намояндаи Эф-би-ой, гуфтанд, ки ҳеҷ мазнуне надоранд, аммо эълом карданд, ки аз иддае машғули суолу ҷавоб ҳастанд.

Ба гуфтаи мақомҳои иёлатӣ аз рӯзи сешанбе афрод ба сурати иттифоқӣ дар хиёбон мавриди бозҷӯии пулис қарор мегиранд.

Аз Риу то Ландан

Илова бар Иёлоти Муттаҳидаи Омрико, дар кишварҳои дигар ҳам инфиҷорҳои Бустун зангҳои хатарро ба садо даровард.

Якшанбеи ҳафтаи оянда дар Ландан қарор аст мусобиқаи моротун баргузор шавад.

Баргузоркунандагони моротуни Ландан гуфтаанд, ки мехоҳанд тадобири амниятии ин мусобиқа ва ҳамчунин маросими гиромидошти Моргорет Точер, нахуствазири пешини ин кишварро бозбинӣ кунанд.

Дар Бразил ҳам баргузоркунандагони улампики Риу гуфтаанд, ки барои баргузории мусобиқаҳои улампик тадобири амниятиро бештар риъоят мекунанд.

Моротуни Бостон яке аз қадимитарин мусобиқоти моротуни дунёст, ки имсол яксаду ҳафдаҳумин давраи он баргузор шуд.

Беш аз 26 ҳазор нафар дар моротуни Бустун ширкат мекунанд, ки теъдоди зиёде аз онҳо аз кишварҳои дигар ба Омрико омада буданд.

Душанбе дар иёлати Мосочусет таътили расмӣ буд.

Матолиби муртабит