Гуфтугӯйи телефунии Убомо ва Путин дар бораи таслиҳоти шимиёии Сурия

  • 30 Апрел, 2013
Image caption Борок Убомо ҷумъаи гузашта гуфт дар сурати таъйиди хабарҳо мабнӣ бар истифодаи давлати Сурия аз таслиҳоти шимиёӣ, "қоъидаҳои бозӣ тағйир хоҳад кард."

Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, дар як гуфтугӯйи телефунӣ бо Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, дар бораи гузоришҳои ахир мабнӣ бар бакоргирии силоҳҳои шимиёӣ тавассути давлати Башор Асад ибрози нигаронӣ кард.

Бино ба баёнияи Кохи Сафед, дар ин гуфтугӯ, оқои Убомо ва Путин ҳар ду тавофуқ карданд, ки бо якдигар дар ин замина дар тамос бошанд.

Онҳо ҳамчунин вузарои хориҷаи худро муваззаф карданд гуфтугӯҳоро идома диҳанд.

Бритониё ва Омрико ҳар ду ахиран ба шавоҳиде ҳокӣ аз корбурди таслиҳоти шитмиёӣ монанди гози аъсоби сорин дар Сурия ишора кардаанд.

Борок Убомо ҷумъаи гузашта ҳушдор дод, ки агар истифодаи Сурия аз ин таслиҳот собит шавад, сиёсати кишвараш дар қиболи Димишқ тағйир хоҳад кард.

Давлати Сурия хабарҳо дар ин заминаро рад карда ва онҳоро "кизб" хондааст.

Дар баёнияи Кохи Сафед омада Борок Убомо дар ин гуфтугӯ "бар нигаронии худ" аз "таслиҳоти шимиёии Сурия таъкид кардааст."

Давлати Омрико борҳо сиёсати Сурия ва Чинро дар бораи Сурия мавриди интиқод қарор додааст.

Ин ду кишвар борҳо бо иқдомҳои ҷиддитар, монанди таҳримҳои сахттар, алайҳи Сурия дар Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид мухолифат кардаанд.

Қарор аст Борок Убомо ва Владимир Путин дар моҳи июн рӯ дар рӯ гуфтугӯ кунанд.

Ҳафтаи гузашта Борок Убомо қавл дод дар мавриди таслиҳоти шимиёии Сурия "таҳқиқоти ҷомеъ" сурат гирад.

Вай гуфт дар сурати таъйиди ин мавзӯъ, "қоъидаи бозӣ" дар бораи ин кившар тағйир хоҳад кард.

Пештар Имрон Алзуғбӣ, вазири иттилоъоти Сурия, ба хабаргузории давлатии СОНО гуфта буд иттиҳомоти Ғарб "ҳеҷ эътиборе надорад."

Матолиби муртабит