Пас аз ним қарн; Дидори як раҳбари Бирма аз Кохи Сафед
Тейн Сейн, раиси ҷумҳурии Бирма, дар Кохи Сафед бо Борок Убомо дидор кардааст. Ӯ аввалин раҳбари Бирма др тақрибан ним қарни гузашта аст, ки мавриди истиқболи раиси ҷумҳурии Иёлоти Муттаҳида қарор мегирад.
Ин дидор таҳаввули муҳимме дар беҳбуди равобити диплумотик бо ҷаҳони хориҷ барои кишварест, ки солҳо дар инзивои шадид ба сар бурдааст.
Номи Тейм Сенй сентябри гузашта аз феҳристи таҳримҳои Омрико хориҷ шуд. Охирин боре, ки як раҳбари Бирма аз Кохи Сафед дидор кард, сентябри соли 1944 буд.
Тейн Сейн замоне бахше аз низомиёни ҳоким бар Бирма буд, аммо ӯ дар солҳои ахир сукони ҳидояти тағйирот ба як системи ғайринизомиро ба уҳда доштааст ва дар соли 2011 раҳбарии аввалин давлати ғайринизомиро ба даст гирифт.
Сафари ӯ бахше аз раванди беҳбуди равобити ду кишвар аст.
Шаш моҳ пеш Борок Убомо ва вазири хориҷаи вақти ӯ Ҳилорӣ Клинтун ба Бирма сафар карданд, ки дидоре бесобиқа тавсиф шуд.
Омрико гармии равобит бо Бирмаро паёмади табиъии анҷоми ислоҳоти сиёсии ин кишвар медонад, аммо ин навъ тамосҳо ҳамчунон бо мухолифати бисёре аз муътаризон рӯбарӯст.
Гурӯҳе аз муътаризони бирмаӣ рӯзи душанбе дар Вошингтун тазоҳуроте баргузор каранд, то хоҳони барқарории як низоми комили демукротик дар Бирма шаванд.
