Авфи Байналмилал "идомаи тағйир" дар сиёсати ҳуқуқибашарии Эронро тавсия кард

Афви Байналмилал, аз созмони ҷаҳонии мудофеъи ҳуқуқи башар, аз озодии шуморе аз зиндониёни сиёсӣ дар Эрон истиқбол карда ва хостори иқдомоти бештари Ҷумҳурии Исломӣ дар ин замина шудааст.
Дар пайи интишори гузоришҳое ҳокӣ аз ин ки дастикам ёздаҳ тан аз зиндониёни сиёсӣ дар Эрон озод шудаанд, Афви Байналмилал бо интишори баёнияе гуфт, ки ин созмон "аз озодии Насрини Сутуда, ҳуқуқдони саршиноси эронии мудофеъи ҳуқуқи башар ва дастикам ёздаҳ фаъъоли сиёсии дигар истиқбол мекунад."
Ин баёния ба нақл аз муъовини мудири бахши Ховари Миёна ва Офриқои Шимолии ин созмон меафзояд "зимни он ки озодии ин зиндониён иқдоме мусбат арзёбӣ мешавад, аммо ин иқдом бояд нахустин гом дар масири озодии тамомии зиндониёни ақидатӣ бошад, ки сирфан ба далели эъмоли мусолиматомези ҳуқуқи худ маҳбус ҳастанд."
Афви Байналмилал ёдовар шудааст, ки Насрини Сутуда дар сентябри соли 2010 ба иттиҳоми таблиғ алайҳи низоми ҳукуматӣ ва иқдом алайҳи амнияти миллӣ, аз ҷумла узвият дар маркази дифоъ аз ҳуқуқи башар, ба шаш сол ҳабс маҳкум шуд ва Афви Байналмилал барои озодии беқайду шарти ӯ ба унвони "як зиндонии ақйидатӣ" талош кардааст.
Муъовини мудири бахши Ховари Миёна ва Офриқои Шимолии Афви Байналмилал гуфтааст, ки "барои ин ки озодии Насрини Сутуда танҳо як ҳаракати намоишӣ маҳсуб нашавад, мақомоти Эрон бояд маҳкумият ва мамнӯъият бар сафари хориҷӣ ва фаъъолияти ҳирфаии ӯро низ лағв кунанд."
Вай афзудааст, ки Ҷумҳурии Исломӣ ҳамчунин бояд тарсондану боздошт ва ҳабси фаъъолони ҳуқуқи башарро мутаваққиф кунад.
Дар баёнияи Афви Байналмилал омадааст, ки мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ далеле барои озодии хонуми Сутуда ироа надодаанд ва афзудааст, ки озодии Насрини Сутуда ва соири зиндониён бояд сароғоз тағйире асосӣ дар сиёсати ҳуқуқибашарии давлати Эрон ва наҳваи бархӯрди мақомоти ҳукуматӣ бо фаъъолон ва мунтақидоне бошад, ки ба шеваҳои мусолиматомез фаъъолият мекунанд.
Ин баёния меафзояд, ки агар тағйире асосӣ дар сиёсати ҳуқуқибашарии Ҷумҳурии Исломӣ сурат нагирад, "озодии ин зиндониён сирфан тарфанде таблиғотӣ дар остонаи оғози иҷлоси Маҷмаъи Умумии Созмони Милал маҳсуб хоҳад шуд, ки ҳафтаи оянда дар Ню-Йурк кори худро оғоз мекунад."
Афви Байналмилал гуфтааст: "Таҷрубаи Насрини Сутуда дар боздошт нумоди бадрафторӣ бо боздоштиёни сиёсӣ дар зиндонҳои бадноми Эрон аст. Насрини Сутуда аз мулоқоти мураттаб бо ҳамсараш, Ризо Хандон ва ду фарзанди хурдсолаш маҳрум буд ва дар як маврид шавҳараш барои талоши мусолиматомез барои касби озодии ӯ барои як шаб боздоштв а сипас озод шуд."
Ин баёния ёдовар мешавад, ки дар соли 2012 мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ духтари сенздаҳсолаи хонуми Сутударо низ мамнӯъулхуруҷ карданд, ки ба эътисоби ғизои 49-рӯзаи хонуми Сутуда то лағви ин мамнӯъият мунҷар шуд.
Афви Байналмилал гуфтааст, ки Насрини Сутуда аз тамомии аъзои Афви Байналмилал ба хотири талош барои касби озодии ӯ ташаккур кардааст.
Бархе расонаҳои мунтақид ибрози умедворӣ кардаанд, ки соири зиндониёни сиёсӣ низ озод шаванд ва боздошти хонагии раҳбарони мунтақиди ҳукумат низ бардошта шавад.
