Ҳасани Рӯҳонӣ мегӯяд барои расидан ба тавофуқ бо Ғарб "ихтиёри комил" дорад

  • 19 Сентябр, 2013

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон, гуфтааст барои расидан ба тавофуқ бо Ғарб дар бораи барномаи ҳастаии "ихтиёри комил" дорад.

Оқои Рӯҳонӣ рӯзи чаҳоршанбеи 18 сентябр дар мусоҳиба бо шабкаи телевизиюнии Эн-би-сии Омрико, ҳамчунин лаҳни номаи ахири Борок Убомо ба худро "мусбату созанда" тавсиф кардааст.

Ҳамзамон сухангӯйи Кохи Сафед хабар дод, ки Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, дар номае ба Ҳасани Рӯҳонӣ эълом карда, ки агар Теҳрон нишон диҳад дар пайи тавлиди силоҳи ҳастаӣ нест, Омрико омода аст муноқишаи ҳастаӣ бо Эронро ҳаллу фасл кунад.

Ҷей Корнӣ дар ин бора ба хабарнигорон гуфт: "Ин нома ҳамчунин ҳомили ин паём буд, ки Эрон бояд ба масоили матраҳ (дар заминаи барномаи ҳастаӣ) посух диҳад, чун фурсати ҳаллу фасли он аз масири диплумотик барои ҳамеша боқӣ намемонад."

Оқои Убомо се рӯз пеш дар 15 сентябр дар як мусоҳибаи телевизиюнӣ таъкид карда буд, ки бо Ҳасани Рӯҳонӣ номанигорӣ кардааст.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон, дар мусоҳиба бо телевизиюни Эн-би-сӣ ҳамчунин гуфтааст, ки давлати ӯ ҳаргиз силоҳи ҳастаӣ нахоҳад сохт.

Ӯ гуфтааст: "Ба назарам раҳбарони ҳар кишваре бояд ба фикри манофеъи миллии худашон бошанд; на ки таҳти таъсири гурӯҳҳои фишор бошанд. Умедворам дар оянда шоҳиди чунин фазое бошем."

Раиси ҷумҳурии Эрон дар бораи Сурия гуфтааст, ки Теҳрон дар ба натиҷа расидани тавофуқи Русия ва Омрико нақши умдае бозӣ кардааст.

Ҳасани Рӯҳонӣ гуфт: "Мо давлати Сурия нестем. Мо фақат яке аз кишварҳои минтақа ҳастем, ки ба дунболи сулҳу субот ва аз байн рафтани силоҳҳои куштори ҷамъӣ ҳастем."

Дар посух ба суоли хабарнигори Эн-би-сӣ дар бораи ин ки оё канор гузоштани гузинаи низомӣ ба Сурия аз тарафи Омрикоро нишонаи заъфи Вошингтун медонанд, оқои Рӯҳонӣ гуфт: "Мо ҷангро нишонаи заъф медонем. Ҳар давлате, ки тасмим ба сулҳ бигирад, ба он бо нигоҳи эҳтиром ба сулҳ менигарем."

Ин нахустин мусоҳибаи Ҳасани Рӯҳонӣ бо як расонаи хориҷӣ пас аз интихоб шудан ба раёсати ҷумҳурии Эрон аст.

Оқои Рӯҳонӣ қарор аст дар рӯзҳои оянда барои ширкат дар иҷлоси солонаи Маҷмаъи Умумии Созмони Милал дар Ню-Йурк озими Омрико шавад.

Истиқболи Убомо аз "тамоюли" Рӯҳонӣ

Як рӯз пеш аз ин Борок Убомо дар мусоҳиба бо шабакаи телевизиюнии испониёизабони "Телемунду" гуфта буд, ки ба назар мерасад Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон, дар пайи гуфтугӯ бо Омрико ва Ғарб аст.

Раиси ҷумҳури Омрико афзудааст: Мо бояд ин (ирода ба гуфтугӯ)-ро ҳам имтиҳон кунем.

Ба гуфтаи оқои Убомо ин рӯйкарди раиси ҷумҳурии Эрон пеш аз ин соибиқа надоштааст.

Оқои Убомо ибрози умедворӣ кардааст Эрон аз фурсат барои диплумосӣ истифода кунад ва аз он нафъ бибарад.

Ба гуфтаи раиси ҷумҳурии Иёлоти Муттаҳида, Эрон бояд ҷиддияти худро дар ин бора ин тавр нишон диҳад, ки бипазирад "қудрати ҳастаии худро низомӣ накунад."

Дар рӯзҳои гузашта ҳам аз Вошингтун ва ҳам аз Теҳрон мавзеъгириҳои мусбате дар бораи таъомули ду кишвар эълом шудааст.

Рӯзи сешанбе низ Оятуллоҳ Алии Хоминаӣ, раҳбари Эрон, дар мулоқот бо фармондеҳони Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ аз "ҳаракатҳои саҳеҳи диплумотик" истиқбол кард ва гуфт ба "нармиши қаҳрамонона" муътақид аст.

Ӯ ҳамчунин талоши Эрон барои дастёбӣ ба силоҳи ҳастаиро бо таъкид рад кард.

Барномаи ҳастаии Эрон дар солҳои гузшта аз мавзӯъоти аслии маҳалли муноқишаи байни ин кишвар бо Ғарб ва аз ҷумла Омрико будааст.

Эрон ҳамеша таъкид карда, ки барномаи сохти ҷангафзори ҳастаӣ надорад ва иддаъои низомӣ будани ин барнома бар мабнои шавоҳид ва мадорик матраҳ намешавад.

Омрико ва Урупо барои водоштани Эрон ба таълиқи ғанисозии урониюм, ки дар қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ аз ин кишвар хоста шуда, таҳримҳои сангине алайҳи Эрон вазъ кардаанд.

Рафъи ин таҳримҳо ва ҳал кардани парвандаи ҳастаӣ яке аз шиъорҳои Ҳасани Рӯҳонӣ дар рақобатҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии имсол дар Эрон будааст.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, дар рӯзҳои гузашта дар суханоне дар ҷамъи фармондорони Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ хоста буд, ки ба давлат иҷоза дода шавад дар фазои бозтаре сиёсати хориҷии Эронро пеш бибарад.

Матолиби муртабит