Убомо: Бо Ҳасани Руҳонӣ паём мубодила кардаем

Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико бидуни зикри ҷузъиёт гуфт, ки бо Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури ҷадиди Эрон паём мубодила кардааст.
Раиси ҷумҳурии Омрико имрӯз дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизиюнии Эйбисии Омрико гуфт, ки Эрон билқувва метавонад дар барқарории субот дар Сурия нақш дошта бошад.
Оқои Убомо ҳамчунин гуфт, ки давлатмардони Эрон мутаваҷҷеҳ шудаанд, ки барои Омрико барномаи ҳастаии Эрон мавзуъе бисёр бузургтар аз бакоргирии силоҳҳои шимиёӣ дар Сурия аст.
"Ман фикр мекунам Эрон дарёфта, ки масаълаи ҳастаӣ ва таҳдиде, ки Эрони ҳастаӣ барои Исроил эҷод мекунад, хатари бисёр наздиктаре барои манофеъи бунёдии мост. Мусобиқаи ҳастаӣ минтақаро башиддат бесубот хоҳад кард."
Оқои Убомо изофа кард Эрон набояд ба ин натиҷа бирасад, ки "чун Омрико то ба ҳол дахолати низомӣ накарда, ба ин маъно аст, ки Омрико ба Эрон ҳамла нахоҳад кард."
"Дар иваз Эрон бояд ба ин натиҷа бирасад, ки имкони ҳали масъала аз роҳи диплумотик вуҷуд дорад."
Раиси ҷумҳурии Омрико мегӯяд тасаввур мекунад Эрон "ба далели таҳримҳои шадиде, ки эъмол кардаем ва ба далели иттиҳоди ҷомеъаи байналмилалӣ барои ҷилавгирӣ аз мусобиқаи ҳастаӣ дар минтақа" мутаваҷҷеҳи ин нукта шуда бошад.
"Музокира бо Эрон ҳамеша душвор будааст ва ман фикр намекунам, ки раиси ҷумҳури ҷадид ногаҳон музокираро осон кунад."
