Истиқболи Борок Убомо аз тамоюли Ҳасани Рӯҳонӣ ба гуфтугӯ бо Омрико

Борок Убомо гуфта, ки ба назар мерасад Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон, дар пайи гуфтугӯ бо Омрико ва Ғарб аст.
Раиси ҷумҳури Омрико афзудааст: Мо бояд ин (ирода ба гуфтугӯ)-ро ҳам имтиҳон кунем.
Борок Убомо сешанбеи 17 сентябр дар мусоҳиба бо шабакаи телевизиюнии испониёизабони "Телемунду" гуфт ин рӯйкарди раиси ҷумҳурии Эрон пеш аз ин соибиқа надоштааст.
Оқои Убомо ибрози умедворӣ кардааст Эрон аз фурсат барои диплумосӣ истифода кунад ва аз он нафъ бибарад.
Ба гуфтаи раиси ҷумҳурии Иёлоти Муттаҳида, Эрон бояд ҷиддияти худро дар ин бора ин тавр нишон диҳад, ки бипазирад "қудрати ҳастаии худро низомӣ накунад."
Дар рӯзҳои гузашта ҳам аз Вошингтун ва ҳам аз Теҳрон мавзеъгириҳои мусбате дар бораи таъомули ду кишвар эълом шудааст.
Ду рӯз пеш дар 15 сентябр, Борок Убомо хабар дод, ки бо Ҳасани Рӯҳонӣ нома мубодила кардааст.
Раиси ҷумҳурии Омрико дар ин бора ҷузъиёти бештаре нагуфт, вале таъкид кард, ки Эрон билқувва метавонад дар барқарории субот дар Сурия нақш дошта бошад.
Пас аз ин вазорати умури хориҷаи Эрон ин номанигориро таъйид кард.
Марзия Афхам, сухангӯйи вазорати умури хориҷаи Эрон, рӯзи сешанбеи 17 сентябр ба хабарнигорон гуфт, ки номаи оқои Убомо марбут ба табрики интихоби оқои Рӯҳонӣ ба унвони раиси ҷумҳур буда ва Ҳасрни Рӯҳонӣ ҳам дар посух "зимни ташаккур нукотеро дар ҳавзаҳои мухталифи мавриди назар" матраҳ кардааст.
Рӯйи хуши раҳбар Эрон ба "нармиши қаҳрамонона"
Оятуллоҳ Алии Хоминаӣ, раҳбари Эрон, дар мулоқот бо фармондеҳони Сипоҳи Посдорони инқилоби исломӣ аз "ҳаракатҳои саҳеҳи диплумотик" истиқбол кард ва гуфт ба "нармиши қаҳрамонона" муътақид аст.
Ӯ ҳамчунин талоши Эрон барои дастёбӣ ба силоҳи ҳастаиро бо таъкид рад карда ва гуфтааст: "Мо силоҳи ҳастаиро на ба хотири Омрико ва ғайри Омрико, балки ба хотири ақидаамон қабул надорем. Ҳеч кас набояд дошта бошад."
Барномаи ҳастаии Эрон дар ду даҳаи гузшта аз мавзӯъоти аслии маҳалли муноқишаи байни ин кишвар бо Ғарб ва аз ҷумла Омрико будааст. Ин муноқиша дар солҳои ахир болотар ҳам гирифтааст.
Эрон ҳамеша таъкид карда, ки барномаи сохти ҷангафзори ҳастаӣ надорад ва иддаъои низомӣ будани ин барнома бар мабнои шавоҳид ва мадорик матраҳ намешавад.
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, ки барои ширкат дар Маҷмаъи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба Ню-Йурк меравад, як рӯз пеш дар суханоне хост, ки ба давлат иҷоза дода шавад дар фазои бозтаре сиёсати хориҷии Эронро пеш бибарад.
Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон, пеш аз оқои Рӯҳонӣ озими Омрико шудааст.
Ӯ дар саҳфаи фейсбуки худ навишта, ки барои дидор бо мақомҳои бархе аз кишварҳо, аз ҷумла дидори эҳтимолӣ бо аъзои Гурӯҳи 5+1 озими Ню-Йурк аст.
Дар рӯзҳои ахир бархе аз манобеъи хабарӣ аз эҳтимоли дидори оқои Рӯҳонӣ бо бархе аз мақомоти ғарбӣ, аз ҷумла Борок Убомо, сухан дар миён оварда буданд, аммо вазорати умури хориҷаи Эрон гуфтааст ҳеҷ барномае барои дидор бо мақомоти омрикоӣ дар барномаи сафари Ҳасани Рӯҳонӣ ба Ню-Йурк вуҷуд надорад.
Сухангӯйи вазорати хориҷаи Эрон дар айни ҳол эҳтимоли дидори бархе мақомҳои аршади Гурӯҳи 5+1 бо оқои Рӯҳониро мунтафӣ надониста ва гуфта "чунончи дар чорчӯби ин гурӯҳ раванди кор ба самте пеш биравад, ки лузуми ин кор (дидор) ба вуҷуд ояд, дар ин чорчӯб мулоқот анҷом мегирад."
