Дархости аъзои Маҷлиси намояндагони Омрико барои музокира бо Эрон

  • 20 Июл, 2013
Маҷлиси намояндагони Омрико
Image caption Имзокунандагони нома аз оқои Убомо хостаанд даст ба иқдомоте назанад, ки тундравҳоро тақвият кунад

Теъдоди қобили таваҷҷуҳе аз аъзои Маҷлиси намояндагони Омрико дар номае хитоб ба Борок Убомо аз раиси ҷумҳурии Омрико хостаанд, ки бо интихоби Ҳасани Рӯҳонӣ ба унвони раиси ҷумҳурии Эрон бо ӯ вориди музокира шавад.

Ин нома ба василаи 131 узви Маҷлиси намояндагони Омрико аз ҳарду ҳизби Демукрот ва Ҷумҳурихоҳ имзо шудааст.

Ин нома, ки ба василаи Дейвид Пройс, намояндаи демукрот аз Корулинои Шимолӣ ва Чорлз Дент, намояндаи ҷумҳурихоҳ аз Пенсилвониё танзим шуда, барҷастатарин иқдоми Маҷлиси намояндагони Омрико дар ҳимоят аз музокира бо Эрон будааст.

Ба гуфтаи сухангӯйи дафтари оқои Пройс, аъзои Маҷлиси намояндагон то охири рӯзи панҷшанбеи 18 июл фурсат доштанд, ки ин номаро имзо кунанд ва қарор буд, ки ин нома дирӯз ба Кохи Сафед фиристода шавад.

Ҳафдаҳ нафар аз имзокунандагон аз ҳизби Ҷумҳурихоҳ ҳастанд.

Дар бахше аз ин нома омадааст алорағми ин ки мардуми Эрон дар гузашта ҳам раиси ҷумҳуриро бо дидгоҳи эътидол ва ислоҳ интихоб карда буданд ва таҷрубаи таърихӣ ҳикоят аз он дорад, ки бояд нисбат ба тағйири маънодор муҳтот буд, "бояд ҳама тавофуқ дошта бошем, ки таҷдиди диплумосӣ бахше аз истротежии васеътари мо нисбат ба Эрон бошад."

Ин нома ҳамчунин аз раиси ҷумҳурии Омрико мехоҳад, ки даст ба иқдомоте назанад, ки мавзеъи оқои Рӯҳониро дар қиболи "тундравҳо" дар Эрон тазъиф кунад.

Чанд рӯз пеш низ дар номае дигар иддае аз чеҳраҳои сиёсию низомии Омрико аз Борок Убомо хостанд, ки фурсати музокираро бо давлати Ҳасани Рӯҳонӣ аз даст надиҳад.

Ин номаро 29 нафар, аз ҷумла диплумотҳо ва мақомҳои давлатии собиқ, донишгоҳиён ва мақомоти пешини низомӣ имзо карда буданд, ки дар миёни онҳо номи Фарида Фарҳӣ, устоди Донишгоҳи Ҳовоӣ, Ҷон Лимберт, мудири кулли собиқи Вазорати хориҷаи Омрико дар умури Эрон, Ризо Маръашӣ, коршиноси дафтари Эрон дар Вазорати хориҷаи Омрико, Алиризо Нодир, таҳлилгари масоили Эрон, Трито Порсӣ, раиси Шӯрои миллии эрониёни Омрико ва Гарӣ Сик, мушовири Ҷерол Фурд, Ҷиммӣ Кортер ва Рунолд Рейгон дар умури Эрон дида мешуд.

Ин дар ҳолест, ки ду ҳафта пеш Кумитаи равобити хориҷии Маҷлиси намояндагони Омрико дар номае, ки ба имзои 45 намоянда расида буд, аз Борок Убомо хоста буд, то бидуни таваҷҷуҳ ба интихоби оқои Рӯҳонӣ таҳримҳо алайҳи Эронро ташдид кунад.

Маҷлиси намояндагони Омрико яке аз ду ниҳоди қонунгузории Кунгреи Омрикост, ки 435 узв дорад. Аксарияти ин маҷлис дар ихтиёри ҷумҳурихоҳон аст.

Матолиби муртабит