Эрон пушти Омрикоро дар Ню-Юрк ба хок молид

  • 16 Май, 2013
Меҳдии Тақавӣ ва Келлен Росил
Image caption Меҳдии Тақавӣ аз Эрон ва Келлен Росил аз Омрико

Тими миллии куштии Эрон бо тими миллии Омрико дар Ню-Юрк мусобиқа дод ва пирӯзи майдон шуд.

Эрониҳои муқими Ню-Юрк бо парчамҳои кишварашон дар маҳалли мусобиқа, ки истгоҳи қатори Гронд Сентрол буд , ҳозир шуданд ва тими Эронро ташвиқ мекарданд.

Мусобиқае, ки дар Ню-Юрк баргузор шуд, турнаменте сеҷониба байни кишварҳои Эрон, Омрико ва Русия буд.

Авоъиди ин мусобиқаҳои дӯстона ба масорифи хайрия мерасад ва далели ҷонибии он ҳам баргардондани назари Кумитаи байналмилалии улампик ҷиҳати ҳазфи риштаи куштӣ унвон шудааст.

Ин се кишвар умедворанд, ки бо ин мусобиқа ва нишон додани як рақобати дӯстона куштиро дар миёни рақобатҳои улампик нигаҳ доранд.

Кумитаи байналмилалии улампик пешниҳод дода, ки куштӣ аз соли 2020 мелодӣ аз рақобатҳои улампик канор гузошта шавад.

Тими миллии Эрон муваффақ шуд, ки тими Омрикоро бо натиҷаи шаш бар як бубарад.

Омрикоиҳо ҳам дар куштии озод тавонистанд Русияро бубаранд.

Қарор аст, ки тимҳои Эрон ва Омрико дар рӯзи якшанбе дар Лус-Анҷелес мусобиқа бидиҳанд.

Меҳдии Тақавӣ, яке аз куштигирони эронӣ баъд аз бурдани рақибаш ба хабаргузории Ассошиэйтед Пресс гуфт, ки эрониҳо дар ҳамаи ҷо барои ташвиқи тими миллии Эрон ҳозир мешаванд ва ҳамеша ҳамин тавр ташвиқ мекунанд.

Ишораи ӯ ба шиъорҳои якпорчаи эрониён, буқ заданҳои паёпайашон ва парчам такон доданҳояшон буд.

Номи ин турнамент "Ҳаёҳу рӯйи рейл аст" аст.

Ин чаҳорумин соли паёпай аст, ки дар шаҳри Ню-Юрк мусобиқаҳои хайрияи куштӣ баргузор ме шавад. Ду бори охир дар майдони Тоймзи Ню-Юрк буда ва Эрон барои нахустин бор аст ки ба ин турнамент даъват мешавад.

Дар 29 моҳи май дар Русия қарор аст, ки Кумитаи байналмилалии улампик ташкили ҷаласа диҳад ва дар бораи мондагории куштӣ дар улампик баҳс кунад.

Матолиби муртабит