Раҳбари Эрон: Мухолифи диплумосӣ нестем, ба "нармиши қаҳрамонона" муътақидем

Оятуллоҳ Алии Хоминаӣ, раҳбари Эрон, дар мулоқот бо фармондеҳони Сипоҳи Посдорони инқилоби исломӣ аз "ҳаракатҳои саҳеҳи диплумотик" истиқбол кардааст.
Раҳбари Эрон гуфта: "Ман мухолифи ҳаракатҳои саҳеҳи диплумосӣ нестам, банда муътақидам ба ҳамон чизе ки солҳо пеш номгузорӣ шуд ба нармиши қаҳрамонона"
Оятуллоҳ Хоминаӣ зимни дифоъ аз инъитофпазирӣ дар диплумосӣ гуфта "куштигире, ки ба далели фаннӣ нармише анҷом медиҳад, набояд ёдаш биравад, ки ҳарифу душманаш кист".
Бо ин ҳол, Оятуллоҳ Хоминаӣ талвеҳан нисбат ба ақибнишинӣ аз мавзеъи Ҷумҳурии Исломӣ ҳушдор дода ва гуфта бархе "барои вододагӣ ва пушаймонӣ баҳона меоваранд, ки дунё иваз шудааст."
Ӯ талоши Эрон барои дастёбӣ ба силоҳи ҳастаиро бо таъкид рад карда ва гуфта масъалаи барномаи ҳастаии Эрон баҳонае барои муқобила бо Эрон аст, чаро ки Ҷумҳурии Исломӣ бо "назми султа" мухолифат мекунад.
Оқои Хоминаӣ таъкид карда: "Мо силоҳи ҳастаиро на ба хотири Омрико ва ғайри Омрико, балки ба хотири ақидаамон қабул надорем. Ҳеч кас набояд дошта бошад."
Эрон ҳамеша таъкид карда, ки барномаи сохти ҷангафзори ҳастаӣ надорад ва иддаъои низомӣ будани ин барнома бар мабнои шавоҳид ва мадорик матраҳ намешавад.
Бо ин ҳол ин барнома ба бунбасте диплумотик барои Эрон бадал шуда ва чандин қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва ҳамчунин таҳримҳои якҷонибаи Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Урупо алайҳи санъати нафт ва низоми бонкии ин кишварро ба дунбол доштааст.
"Сипоҳ фаъъолияти сиёсӣ накунад"
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, ки барои ширкат дар Маҷмаъи Умумии Созмони Милал ба Ню-Йурк меравад, дирӯз хоста буд ба давлат иҷоза дода шавад дар фазои бозтаре сиёсати хориҷии Эронро пеш бибарад.
Оқои Рӯҳонӣ гуфта буд: "Мо дар биёбони бузург мехоҳем дар баробари душман биистем, чун кӯчаи танг ҷои истодагӣ нест, пас нагзоред моро ба кӯчаи танг бибаранд ва бигзоред дар майдони боз муқовимат кунем."
Ӯ ҳамчунин аз Сипоҳ хоста буд дар иҷрои чанд пружаи иқтисодии бузург ва ҷилавгирӣ аз қочоқи коло ба давлат кумак кунад.
Раҳбари Эрон ҳам дар мулоқоти имрӯзи худ бо фармондеҳони сипоҳ гуфта ҳарчанд сипоҳ бояд арсаи сиёсатро бишносад, аммо лозим нест, ки ба фаъъолияти сиёсӣ ҳам бипародзад.
Оқои Хоминаӣ гуфта: "Сипоҳ ба унвони як мавҷуди зинда бояд бидонад аз чи мехоҳад посдорӣ кунад, лузуме надорад сипоҳ дар арсаи сиёсӣ посдорӣ кунад, аммо бояд арсаи сиёсатро бишносад."
Пеш аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ масъалаи дахолати сипоҳ дар сиёсат бо тарҳи мавзӯъи "муҳандисии интихобот" тавассути Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури собиқ, хабарсоз шуда буд.
