Ҳушдори мақомоти Эрон дар мавриди табаъоти ҳамла ба Сурия

Ҳамзамон бо суханони Алии Лориҷонӣ, раиси маҷлиси Эрон дар мавриди имкони ба хатар афтодани Исроил дар сурати ҳамла ба Сурия оятуллоҳ Хоминаӣ, раҳбари ҷумҳурии исломӣ гуфт: "Минтақа мисли анбори борут аст ва ҳиҷ ояндаеро наметавон пешбинӣ кард."
Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раҳбари Эрон вай чаҳоршанбеи 6 шаҳривар, 27 апрел дар дидор бо раиси ҷумҳур ва аъзои ҳайати давлат ҳамлаи Омрико ба Сурияро заминасози "як фоҷиъа барои минтақа донист" донист ва таъкид кард: "Ҳар гуна дахолат ва ҷангталабӣ яқинан ба зарари оташафрӯзон хоҳад буд."
Изҳҳороти оқои Хоминаӣ дар шароите унвон шуда, ки мақомҳои Иёлоти Муттаҳида, Бритониё ва Фаронса бо муттаҳам кардани давлати Сурия ба истифода аз силоҳҳои шимиёӣ алайҳи мухолифон аз имкони дахолати низомӣ дар ин кишвар сухан гуфтаанд.
Дар вокуниш ба таҳавввулоти ахир Алии Лориҷонӣ, раиси маҷлис низ дар нутқи пеш аз дастури имрӯзи худ бо зикри ин ки "аз чанд моҳ пеш мутталеъ шудем, ки чанд маҳмула силоҳи шимиёӣ аз марзҳои яке аз кишварҳои минтақа вориди Сурия шуда", мухолифони мусаллаҳи давлати Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурияро ба истифода аз силоҳҳои шимиёӣ муттаҳам кард.
Вай ҳамла ба Сурияро "иқдоме нобихрадона" тавсиф кард, ки "оташи он гиребони кишварҳои содаандеши минтақаро хоҳад гирифт" ва ба Омрико ва муттаҳидони ғарбиаш ҳушдор дод: "Мумкин аст бо кумаки бархе кишварҳои минтақа, ки ҳар як ҳадафи хосе қудратталабиро дунбол мекунад, амалиётеро алайҳи Сурия оғоз кунед, вале ин шумо нестед, ки онро хотима медиҳед ва зимнан бояд нигарони фарзанди номашруъи саҳюнистии худ дар минтақа бошед."
"Рӯзи воқеъа наздик шуда"
Ҳамзамон Ҳусайн Шариъатмадорӣ, мудири масъули рӯзномаи Кайҳон низ дар сармақолаи имрӯзи ин рӯзнома навиштааст, ки ҳамла ба Сурия "фурсате тиллоӣ"-ро дар ихтиёри "миллатҳои мусалмон, ки Исроилро дар муҳосира доранд", қарор медиҳад. Вай афзудааст, ки дар сурате ки ғарбиҳо воқеъан дар садади ҳамла ба Сурия бошанд, "рӯзи воқеъа наздик шуда ва интизорҳои чандин ва чандсола барои интиқом рӯ ба поён аст."
Сармақолаи ин рӯзнома, ки мудири масъули он мансуби раҳбари Эрон аст, дар айни ҳол пешбинӣ карда, ки кишварҳое чун Арабистон, Урдун ва Туркия, ки ҳомии ҳамла ба Сурия ҳастанд, дар сурати вуқуъи ҷанг ба унвони "кишварҳои мутахосим" мавриди ҳамлаи мутақобили Сурия қарор бигиранд.
Оқои Шариъатмадорӣ ҳамчунин навиштааст: "Қишварҳои ёдшуда тайи чанд соли ахир бо хезишҳои мардумии бархоста аз бедории исломӣ рӯбарӯ ҳастанд ва ба яқин даргир шудани онҳо дар ҷанги эҳтимолӣ заминаи муносибе барои фурӯпошии давлатҳои дастнишондаро дар ихтиёри мардуми ин кишварҳо қарор хоҳад дод ва албатта Қатар, ки ба як тиҷоратхона шабеҳ аст, мавқеъияти бисёр шиканандатаре дорад."
Дар вокунише ҷудогона, рӯзи гузашта Муҳаммад Ҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯе телефунӣ бо Гиду Вестервелле, ҳамтои олмонии худ нисбат ба авоқиби ҳар гуна иқдоми низомӣ ва вахимтар шудани авзоъ ҳушдор дода буд.
Вай зимни маҳкум кардани корбурди силоҳҳои шимиёӣ дар Сурия хостори "адами шитобзадагӣ" ва такмил шудани раванди бозрасиҳои Созмони Милали Мутаҳид дар хусуси муқассир ба коргирии ин силоҳҳо шуда буд.
