Фармондеҳи аршади низомии Эрон: Убур аз хатти қирмизи Сурия паёмадҳои шадиде барои Кохи сафед дорад

Cартип Масъуд Ҷазоирӣ, муъовини ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ба Омрико ҳушдор додааст, ки мудохилаи низомии эҳтимолӣ дар Сурия "паёмади шадиде" барои Иёлоти Муттаҳида хоҳад дошт.
Оқои Ҷазоирӣ гуфта: "Омрико маҳдудаи хатти қирмизи ҷабҳаи Сурияро медонад ва ҳар гуна убур аз хатти қирмизи Сурия паёмадҳои шадид барои Кохи сафед дар пай хоҳад дошт."
Омрико ба ҳамроҳи Бритониё ва Фаронса ба дунболи вуқуъи ҳамлаи шимиёӣ дар наздикии Димишқ аз эҳтимоли мудохилаи низомии худ дар Сурия хабар додаанд.
Оқои Ҷазоирӣ гуфт: "Касоне, ки бар доманаи ин оташ меафзоянд аз интиқоми миллатҳо дар амон нахоҳанд буд."
Ӯ ҳамчунин гуфта, ки ҳукумати Башор Асад ҳамакнун дар ҷанги дохилии Сурия дасти болоро дорад ва "прупогондои расонаҳои ғарбиҳо ношӣ аз муваффақиятҳои Сурия алайҳи душманон аст."
"Ҳамкорӣ мекунем"
Пизишкони бидуни марз, созмони байналмилалии ироаи кумакҳои пизишкӣ дирӯз эълом кард, ки шумори болое аз қурбониёни он чӣ эҳтимолан як ҳамлаи шимиёӣ буда, дар бемористонҳои муртабит бо ин созмон таҳти мудово қарор гирифтаанд. Ин созмон эълом кард беш аз 300 нафар аз қурбониён ҷон бохтаанд.
Мухолифони Башор Асад, ҳукумати Сурияро масъули ин ҳамла медонанд, аммо ҳукумати Сурия мегӯяд шӯришиён ин ҳамларо анҷом додаанд.
Дишаб Валид Муъаллим, вазири хориҷаи Сурия дар гуфтугӯ бо Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон аз тасмими давлаташ барои ҳамкории давлаташ бо бозрасони Созмони Милал дар ин замина хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории Меҳри Эрон оқои Муъаллим гуфта "давлати матбуъаш бо ҳайати таҳқиқи Созмони Милал, ки ҳамакнун дар Сурия ба сар мебарад, ҳамкорӣ намуда ва фурсати боздид аз нуқотеро, ки аз суи ин гурӯҳҳо мавриди ҳамлаи шимиёӣ қарор гирифтааст, фароҳам хоҳад кард."
Мушаххас нест ки оё манзури оқои Муъаллим дақиқан манотиқе аст, ки ҳамлаи ахир дар онҳо сурат гирифтааст. Беш аз чаҳор моҳ пеш ҳам гузоришҳо аз вуқуъи ҳамлаи шимиёӣ дар Сурия мунташир шуд.
Корло Дел Пунта, бозраси аршади Созмони Милал дар он мақтаъ гуфта буд шавоҳид нишон медиҳад ин мухолифони Башор Асад будаанд, ки аз таслиҳоти шимиёӣ истифода кардаанд, аммо кумиссиюни таҳқиқ баъдтар ҳарфҳои ӯро рад кард.
Эрон қудратмандтарин муттаҳиди минтақаии Сурия аст ва бо вуҷуди ин ки ҳузури низомии мустақим дар Сурияро рад мекунад, борҳо бар ҳимояти ҷиддии худ аз ҳукумати Башор Асад таъкид кардааст.
