Дархости дабири кулли Созмони Милал барои бозрасии бидуни таъхир аз Сурия

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар номае расмӣ ба ҳукумати Сурия, хостааст иҷоза диҳад бозрасон битавонанд аз минтақа, ки шӯришиёни сурӣ мегӯянд як ҳамлаи шимиёӣ рух дода, боздид кунанд.
Ба гуфтаи сухангӯи Бон Ки-мун, Онҷело Кейн, муъовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар умури халъи силоҳ, ба Димишқ меравад, то барои гирифтани иҷозаи бозрасӣ талош кунад.
Дафтари оқои Бон дар баёние эълом карда, ки ӯ муътақид аст бояд бидуни таъхир дар бораи гузоришҳое, ки дирӯз мунташир шуд, баррасӣ шавад."
Ин баёния мегӯяд Созмони Милали Муттаҳид дархосте расмӣ дар ин бора барои давлати Сурия фиристода ва дабири кулли ин созмон интизор дорад посухе мусбат ва бидуни таъхир аз Сурия бигирад.
Агар гози саммии сорин истифода шуда бошад, бозрасон бояд зарфи чанд рӯз ба маҳал дастарасӣ пайдо кунанд, чун осори сорин бо гузашти замон аз байн меравад.
Маҳкумияти байналмилалии ҳамла ба як минтақа дар ҳумаи Димишқ, ки гуфта мешавад аз навъи шимиёӣ буда ва садҳо кушта дар пай дошта, дар ҳоли афзоиш аст.
Бритониё, Фаронса ва Туркия дар садри кишварҳое ҳастанд, ки хоҳони вокунишҳои байналмилалии қотеъона ба иддаъои ҳамлаи шимиёии рӯзи чаҳоршанбе дар Сурия шудаанд.
Рӯзи чаҳоршанбе мухолифони ҳукумати Сурия нерӯҳои давлатиро ба истифода аз гози саммии сорин муттаҳам карданд.
Онҳо гуфтаанд дар ин ҳамла чандсад нафар, аз ҷумла теъдоди зиёде кӯдак кушта шудаанд.
Филмҳои видиюӣ ҳам дар интернет мунташир шуд, ки мунташиркунандагони онҳо муддаъӣ шудаанд қурбониёни ин ҳамларо нишон медиҳанд.
Шумори талафоти ин ҳамлаи шимиёӣ ба гуфтаи фаъъолони мухолифи Башор Асад, аз 136 нафар то 1300 нафар мутафовит аст, аммо ҳатто кафи ин баровардҳо ҳам бузургтарин ҳамлаи шимиёии иддаъошуда дар тайи буҳрони Сурия дар се соли гузаштаро рақам мезанад.
Давлати Сурия иддаъоҳои шӯришиёнро рад карда ва онҳоро ғайримантиқӣ ва сохтагӣ унвон кардааст.
Сурия мегӯяд мухолифони давлат худ дар чандин навбат аз силоҳҳои шимиёӣ алайҳи мардум ва сарбозон кардаанд.
Дабири кул "шигифтзада" шудааст
Дар пайи интишори ин хабарҳо Созмони Милали Мутатҳид дар соъоти поёнии рӯзи чаҳоршанбе як нишасти фаврӣ баргузор карда буд.
Сухангӯйи Бон Ки-мун, дабири кулли СММ, баъд аз ин ҷаласа дар баёнияе гуфт, ки оқои Бон аз шунидани хабарҳо мабнӣ бар истифода аз ин силоҳҳо "шигифтзада" шудааст.
Ӯ гуфт гурӯҳи таҳқиқотӣ, ки барои баррасии истифода аз ин силоҳҳо акнун дар Сурия ба сар мебаранд, дар бораи он чи рӯзи чаҳоршане рух дод, низ таҳқиқ хоҳанд кард.
Хабаргузории Руйтерз ба нақл аз манобеъи диплумотик дар Созмони Милали Муттаҳид гузориш додааст, ки Русия ва Чин монеъ аз судури қатънома ё баёнияи шадидуллаҳнтар дар ин бора шудаанд.
Ин ду кишвар пештар се қатъномаи Шӯрои Амниятро барои афзоиши фишор бар Башор Асад вету кардаанд.
Вазорати умури хориҷаи Русия гуфта иддаъои истифодаи давлати Сурия аз силоҳҳои шимиёӣ он ҳам дуруст дар замоне, ки Димишқ пазируфтааст, бозрасони Созмони Милал аз ин кишвар боздид кунанд, метавонад нишонае аз барномарезии қаблӣ барои таҳрики афкори умумӣ алайҳи давлати Сурия бошад.
