Бозрасони СММ барои баррасии истифода аз силоҳҳои шимиёӣ ба Сурия сафар мекунанд

  • 1 Август, 2013

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд давлати Башор Асад бо сафари бозрасони ин созмон ба сӯйи Сурия барои дидор аз се минтақа, ки гуфта мешавад дар онҳо аз силоҳҳои шимиёӣ истифода шуда, мувофиқат кардааст.

Бон Ки-мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид,, дар баёнияе эълом кардааст, ки бозрасон ба "маҳзи ин ки имконаш фароҳам шавад, ба он ҷо хоҳанд рафт."

Яке аз маконҳое, ки бозрасон аз он боздид хоҳанд кард, Хонуласал дар наздикии Ҳалаб аст.

Шавоҳиди аввалия ҳокист дар даргирие, ки чанде пеш дар ин шаҳр рух дод, аз силоҳҳои шимиёӣ истифода шудааст.

Дастикам 27 нафар дар ин даргирӣ кушта шуданд.

Тарафҳои даргир дар Сурия, дигариро масъули истифода аз ин силоҳҳо донист.

Хонуласал то пеш аз моҳи март дар ихтиёри нерӯҳои давлатӣ қарор дошт, аммо 22 июл шӯришиён кунтрули онро ба даст гирифтанд.

Созмони Милали Муттаҳид ҳанӯз номи ду минтақаи дигареро, ки дар онҳо истифода аз силоҳҳои шимиёӣ баррасӣ хоҳад шуд, матраҳ накардааст.

Ҳафтаи гузашта Онҷело Кейн, раиси қисмати халъи силоҳи шимиёии ҳамин созмон бо намояндагони давлати Сурия дар Димишқ дидор карда ва дар бораи дастрасӣ ба ин манотиқ гуфтугӯ карданд.

Матолиби муртабит