Омрико: Давлати Сурия аз силоҳи шимиёӣ истифода кардааст

  • 14 Июн, 2013
Сурия
Image caption Омрико давлати Сурияро дар истифодаи силоҳи шимиёӣ муттаҳам кардааст

Бен Рудз, муъовини мушовири амнияти миллии Омрико эълом кардааст, ки давлати Башор Асад “аз силоҳи шимиёӣ, аз ҷумла, гози сорин дар муқодири пойин, аммо дар чандин маврид барои муқобала бо мухолифон истифода кардааст.”

Ин аввалин бор аст, ки давлати Борок Убомо расман ҳукумати Башор Асадро ба тавассул ба силоҳҳои шимиёӣ муттаҳам мекунад.

Оқои Рудз, ки дар як кунфаронси телефонӣ бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, дар ин бора гуфт, бар асоси иттилооти ба даст омада “Омрико тахмин мезанад, ки 100 ё 150 нафар дар асари истифода аз силоҳҳои шимиёӣ дар Сурия кушта шуда бошанд, аммо эҳтимолан ин рақам ҷомеъ нест.”

Вай дар идома гуфт, ки “аъмоли давлати Сурия боис шуда, ки мо кумакҳоямонро ба мухолифон изофа кунем.”

Ӯ гуфт, Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико тасмим гирифтааст, ки кумакҳо, “аз ҷумла кумакҳои низомӣ”-ро ба Шӯрои олии низомии Сурия афзоиш диҳад.

Вай дар ироъаи иттилооти бештар дар ин замина худдорӣ карда ва танҳо гуфт, ки ин кумакҳо “дар мизону вусъат бо он чи то кунун вуҷуд дошта, мутафовит хоҳад буд.”

Оқои Рудз гуфт, кумакҳои Омрико ба Шӯрои олии низомӣ ва Шӯрои мухолифони Сурия хоҳад расид. Ӯ гуфт: “Муҳим аст, ки мо аз тариқи ин гурӯҳҳо кор кунем, чаро ки ин гуна метавонем шохаҳои ифротии мухолифон, аз ҷумла, ҷабҳаи нусратро муҷозо кунем.”

Вай гуфт, аз замоне, ки дахолати Ҳизбуллоҳ ва Эрон дар даргириҳои Сурия шиддат ёфтааст, дар Вошингтун низ баррасии ин мавзӯъ фаврият ёфтаааст.

Оқои Рудз гуфт, Кохи Сафед умедвор аст, кумакҳои бештари Омрико таъсиргузорӣ ва қонунӣ шудани шохаҳои сиёсӣ ва низомии гурӯҳи мухолифи давлати Башор Асадро афзоиш диҳад.

Омрико дар айни ҳол таъкид кардааст, ки артиши Сурия ҳамчунон захоири шимиёиашро дар кунтрули инҳисории худ дорад.

Ҳамзамон оқои Рудз изофа кард, ки давлати Омрико “шавоҳиди қобили эътимоде” дар ихтиёр дорад, ки нишон диҳад мухолифон, аз силоҳҳои шимиёӣ истифода кардаанд.

Кохи Сафед пештар эълом карда буд, ки истифода аз силоҳҳои шимиёиро убур аз “хатти қирмиз” медонад.

Муъовини мушовири амнияти миллии Омрико гуфт: “Раиси ҷумҳурӣ шаффоф эълом кардааст, ки истифода аз силоҳҳои шимиёӣ ва нақлу интиқоли онҳо ба гурӯҳҳои терруристӣ як хатти қирмиз ба ҳисоб меояд.”

Оқои Рудз гуфт, натиҷагирии Иёлоти Муттаҳида дар бораи истифодаи давлати Сурия аз силоҳҳои шимиёӣ бо истифода аз гузоришҳоест, ки "аз манотиқи ҷангӣ ба даст омадааст.”

Вай ҳамчунон гуфт, “алоими физиюлужикӣ”-и осебдидагон ва баррасии озмоишгоҳии намунаҳои ҷамъоварӣ шуда ин мавзӯъро таъйид кардааст.

Бар асоси охирин омори Созмони Милали Муттаҳид, то кунун 93 ҳазор нафар дар даргириҳои Сурия кушта шудаанд.

Нахустин вокунишҳо дар Омрико

Дар нахустин вокунишҳои дохили Омрико, муҳофизакорон ин иқдомро кофӣ надонистаанд.

Ҷон Мак Кин, сенотури ҷумҳурихоҳ дар ин замина гуфт: “Раиси ҷумҳурии Омрико бояд мутаваҷҷеҳ бошад, ки ирсоли таслиҳот ба мухолифон тавозуни қудрат дар Сурияро тағйир нахоҳад дод. Артиши озоди Сурия ба силоҳҳои сангин ниёз дорад, то бо тонку ҳавопаймо муқобила кунад. Онҳо ниёзманди минтақаи мамнӯъулпарвоз ҳастанд. Системи дифоъи ҳавоии фарози Сурия бояд нобуд шавад. Мо бидуни ин, ки ҳатто як ҳавопаймои ҷангии худамонро ба хатар бияндозем, метавонем бар фарози Сурия минтақаи барои парвоз мамнӯъ эҷод кунем.”

Давлати Борок Убомо мегӯяд, ки барои тамоми сенориёҳо дар Сурия омодагӣ дорад, аммо дар мавриди ин бӯҳрон бар асоси ҷадвали замонии худ ва бар асоси манофеъи Омрико амал мекунад.

Кохи Сафед ҳамчунон умедвор аст, ки Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия аз тариқи музокироти мавсум ба Жуну-2 аз қудрат канорагирӣ кунад.

Матолиби муртабит