Фаронса ва Бритониё истифода аз гози “сорин” дар Сурияро таъйид карданд

  • 5 Июн, 2013
Лурон Фобиус, вазири умури хориҷаи Фаронса
Image caption Лурон Фобиус, вазири умури хориҷаи Фаронса мегӯяд озмоишҳое, ки дар Порис анҷом шуда, собит мекунанд гози сорин дар Сурия истифода шуда/

Вазири хориҷаи Фаронса ва вазорати хориҷаи Бритониё мегӯянд, шавоҳид собит кардааст, ки гози аъсоби сорин дар Сурия истифода шуда ва ҳукумати Сурия аз ин гоз истифода кардааст.

Лурон Фобиус, вазири умури хориҷаи Фаронса мегӯяд озмоишҳое, ки дар Порис анҷом шуда, собит мекунанд гози сорин дар Сурия истифода шуда ва “дастикам як бор тавассути ҳукумат” ба кор рафтааст.

Оқои Фобиус гуфта, ки ин гози аъсоби қавӣ “ба дафаъот ва дар сатҳи маҳаллӣ” дар ҷараёни ду соли бӯҳрони дохилии Сурия истифода шуда, аммо мушаххас нест, накард, ки ин гоз чӣ замоне ва дар куҷо истифода шуда.

Кохи Сафед пештар гуфта буд, барои исботи ин иддаъо мадорики бештаре лозим аст.Акнун оқои Фобиус мегӯяд, озмоишҳое, ки дар Порис анҷом шуда, истифода аз гози соринро собит мекунад.Лурон Фобиус ба шабакаи дуи телевизиюни Фаронса гуфтааст “шакке нест, ки ҳукумати Сурия ва ҳамдастонаш” масъули истифода аз гози сорин будаанд.

Ӯ дар ин бора тавзеҳе надодааст, ки аз роҳи дур чи тавр метавон мутмаъин шуд, ки ин гоз тавассути мухолифони мусаллаҳ истифода нашуда бошад.

Дар ҳамин ҳол Бритониё ҳам мегӯяд намунаҳои бадастомада аз Суриро озмоиш карда ва ин намунаҳо нишон медиҳанд гоҳи сорин дар Сурия истифода шудааст.

Баёнияи Вазорати умури хориҷаи Бритониё мегӯяд: “Иттилоъоти маҳдуд, вале қонеъкунандае вуҷуд дорад, ки ҳукумати Сурия аз силоҳи шимиёӣ истифода карда ва ҳамчунон мекунад.”

Фаронса ва Бритониё ҳарду пайгири лағви таҳрими Урупо барои ирсоли таслиҳот ба Сурия будаанд, то битавон мухолифони мусаллаҳро дар муқобили Башор Асад тақвият кард.

Сорин, ки як гози аъсоби бисёр қавӣ аст, бӯ ва ранг надорад.Озмоишҳҳои мавриди ишораи оқои Фобиус пас аз он сурат гирифтааст, ки хабарнигорони рӯзномаи фаронсавӣ “Лу Монд” намунаҳое аз хуну идрор афродро аз Сурия берун оварданд.

Онон мегӯянд ин намунаҳо пас аз “ҳамлаҳои шимиёӣ ба Димишқ ва шаҳри шимолии Сароқаб” ҷамъоварӣ шудаанд.

Ҷонотон Моркус, хабарнигори диплумотики Би-би-сӣ мугӯяд ин изҳороти тозаи вазири умури хориҷаи Фаронса метавонад муъодилотро аваз кунад.

‘Абъоди бесобиқаи бераҳмӣ дар ҷанги Сурия’

Дар ҳамин ҳол рӯзи сешанбе 4-уми июн гузориши Созмони Миллали Муттаҳид дар бораи ҷанги дохилии Сурия ҳам мунташир шуд. Созмони Миллали Муттаҳид мегӯяд, бераҳмӣ дар ҷанги дохилии Сурия абъоди бесобиқае пайдо карда ва “ҷиноёти ҷангӣ ва ҷиноёти алайҳи башарият ба иқдоме рӯзмарра” табдил шудааст.

Бо ин ки ҳар ду тарафи даргир муттаҳам ба бераҳмӣ шудаанд, аммо Созмони миллал муътақид аст шиддат ва абъоди бераҳмии ҳукумат ва муттаҳидонаш фаротар аз мухолифон аст. Созмони Миллали Муттаҳид ба ин натиҷа расида, ки сангинии ҷароиме дар Сурия ниёз ба “баррасии қазоии кишварӣ ва байналмилалӣ” дорад.

Дар гузориши созмони миллал омада, ки аз байни 30 мавриди қатли оми машкук дар ду соли ҷанги дохилӣ гузориш шуда, бозрасон шавоҳиди 17 мавридро сабт кардаанд.

Дар ин гузориш ки ҷанги дохилии Сурияро дар ҷаҳор моҳи гузашта баррасӣ карда, омада, “шавоҳиди қобили қабуле” ҳам аз бакор гирифтани силоҳи шимиёӣ вуҷуд дорад.

Ҳам давлат ва ҳам мухолифон мардумро маҷбур ба тарки хона ва зиндагиашон мекунанд ва мардумро таҳдид мекунанд, ки агар худдорӣ кунанд кушта мешаванд.

Матолиби муртабит