Авзоъи шаҳри истротежики Қусайри Сурия буҳронӣ гузориш шуда

  • 31 Май, 2013

Яке аз пизишкони сокини шаҳри Қусайр ба Би-би-сӣ гуфтааст, ки беш аз шашсад маҷрӯҳ дар манотиқи таҳти кунтрули шӯришиён, ки зери оташи нерӯҳои давлатӣ қарор дорад, гирифтор шудаанд.

Ба гуфтаи ин пизишк маҷрӯҳон ба ҳеҷ гуна кумаки пизишкӣ дастрасӣ надоранд ва бисёре аз мардум бо камбуди маводди ғизоӣ рӯбарӯ ҳастанд.

Ин пизишк ҳамчунин дар мавриди авзоъи шаҳри истротежики Қусайр, ки ҳамакнун саҳнаи даргириҳои сангини байни нерӯҳои давлатӣ ва шӯришиён аст, ба Би-би-сӣ гуфт мардум барои дастрасӣ ба оби ошомиданӣ маҷбуранд гоҳ се то чаҳор рӯз мунтазир бимонанд.

Дар ҳамин ҳол, хабарнигори Би-би-сӣ дар Лубнон мегӯяд пайкорҷӯёни шӯришӣ барои ҳифзи мавозеъи худ дар Қусайр аз соири манотиқи Сурия дархости кумак кардаанд.

Шаҳри Қусайр, ки дар 150 килуметрии шимоли Димишқ ва дар наздикии марзи Лубнон қарор дорад, барои нерӯҳои давлатӣ ва мухолифони мусаллаҳ аҳаммияти истротежик дорад, чаро, ки гулӯгоҳи таҳияи силоҳ ва муҳиммот ба шумор меравад.

Қусайр барои нерӯҳои давлатӣ имкони тараддуди байни Димишқ ва минтақаи соҳилии Медитарона дар Сурияро фароҳам мекунад ва аз тарафи дигар мухолифон бо тасхири он метавонанд имкони тараддуди озодона ба Лубнонро дошта бошанд.

Гузоришҳои зидду нақиз аз ирсоли мушакҳои Эс-300

Дар таҳаввуле дигар дар бораи Сурия расонаҳои русӣ гузориш кардаанд, ки ин кишвар эҳтимолан мушакҳои Эс-300, аз таслиҳоти пешрафтаи зиддиҳавоии сохти Русияро, то поёни соли ҷорӣ ба Сурия ирсол намекунад.

Рӯзи гузашта бархе аз расонаҳо ба нақл аз мусоҳибаи пахшнашудаи Башор Асад бо шабакаи телевизиюнии Алманор мутаъаллиқ ба Ҳизбуллоҳи Лубнон гузориш карданд, ки Русия таҳвили мушаки Эс-300-ро ба артиши Сурия оғоз кардааст.

Дар филми мусоҳибаи оқои Асад, ки соъоте баъд аз телевизиюни Алманор пахш шуд, ӯ ба дарёфти ин навъ таслиҳоти мушаххасан ишора накард, аммо гуфта, ки Русия ҳамчунон ба таҳвили таслиҳоти мавриди ниёзи Сурия идома медиҳад.

Башор Асад дар ин мусоҳиба гуфт: "Ба тамоми тавофуқҳое, ки бо Русия бар сари паймонҳои таслиҳотӣ дорем, амал хоҳад шуд ва бахше аз он то кунун амал шудааст. Мо ва русҳо ба иҷрои ин паймонҳо идома хоҳем дод."

Матолиби муртабит